Салом! Хоришак(Скабиес) – ин бемории сироятии пӯст аст,ки сабаби пайдоишаш канаи хориш мебошад. Хоришак асосан дар рӯзгор дар натиҷаи тамосгирӣ паҳн мегардад. Одам ҳангоми аз шахси бемор гузаштани кана, ҳангоми бевосита бо бемор робита доштанаш, аз сару либос ва чизу чораи ӯ истифода бурдан сироят меёбад. Барои табобати ин беморӣ ҳатман ба табиби бемориҳои пӯст муроҷиат намуда, аз рӯи тавсияи додаи ӯ амал кардан лозим меояд, чун ки ҳангоми табобати нодуруст ба оризаҳои он дучор шудан мумкин аст.
Бо эҳтиром табиб-Разоқов Ҳ.О.