Салом! Хоришак (Скабиес) – ин бемории сироятии пўст аст, ки сабаби пайдоишаш канаи хориш мебошад. Хоришак асосан дар рўзгор дар натиҷаи тамосгирӣ паҳн мегардад.Одам ҳангоми аз шахси бемор гузаштани кана, ҳангоми бевосита бо бемор робита доштанаш, аз сару либос ва чизу чораи ў истифода бурдан сироят меёбад. Барои табобати ин беморӣ ҳатман ба табиби бемориҳои пўст муроҷиат намуда, аз рўи тавсияи додаи ў амал кардан лозим меояд, чунки ҳангоми табобати нодуруст ба оризаҳои он дучор шудан мумкин аст.
Бо эҳтиром,табиб Разоқов Ҳ.О.