Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди САҶИ ва бемории пуст

Салом! Аз ноф ноф буи ғализ меояд,ки нороҳат мешам.Сабабаш чӣ бошад?

Салом! Беморие,ки ҳангоми он аз ноф бўйи нохуш меояд омфалит ном дорад. Ин илтиҳоби поёни захми ноф аст, ки бактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Раванди сироятӣ ва илтиҳобӣ инчунин ба бофтаҳои ҷарбии зери пўст ва рагчаҳои ноф таъсир мерасонад. Чун қоида, ҳангоми риояи гигиенаи бадан, бўи ноф эҳсос намешавад. Агар инсон мунтазам душ гирад, микробҳо  имконият барои зиёд шуданро дар ноф  надоранд. Дар давоми рӯз дар дохили ноф риштаи либос ва чанг ҷамъ мешавад, ки бо арақ омехта мешаванд. Дар чунин шароит бактерияҳо  хеле зуд афзоиш меёбанд (онҳо дар пўст зиндагӣ мекунанд). Пеш аз ҳама, гигиена бояд риоя карда шавад. Дар аксари ҳолатҳо ин мушкилот тавассути риояи оддии қоидаҳои гигиенӣ ҳал карда мешавад. Агар ин сирояти бактериявӣ бошад, пас ба бемор доруҳои антибактериявӣ таъин мекунанд; агар замбўруғӣ - зиддизамбўруғӣ.

Бо эҳтиром,табиб Разоқов Ҳ.О.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.