Салом.
1.Витилиго (сафедшавии пӯст) – ин аз ҳисоби кам шудани пигменти пӯст, ки меланин ном дорад, ба амал меояд. Сабаби пайдоиши ин беморӣ метавонад, ки омилҳои гуногун бошанд. Барои муайян намудани намуди сафедпӯстӣ ҳатман ба мутахассис муроҷиат намудан лозим меояд. Пас аз муоинаи пурра ва таҳлилҳои лозима беморӣ муайян карда мешаваду табобати хос фармуда мешавад. Шумо метавонед ба мо (МШБПЗ) муроҷиат намоед, албатта кӯмак мерасонем.
2. Пайдо шудани доғҳои сафед дар пӯсти рӯйи кӯдакон сабабҳои гуногун дорад (аз хӯрокаҳое, ки истеъмол мекунанд, аз кирми шикам, ҳасосияти пӯст вобастагӣ дорад). Ҳангоми пайдо шудани ин беморӣ ба мутахассис муроҷиат намудан лозим, барои муоина ва ташхиси пурра. Ин бемориро «Шукуфаи хушки оддӣ» меноманд.
Бо эҳтиром,
табиб –Разоқов Ҳ.О