Салом! Нарак ё гармичаҳо як дерматози бисёромилӣ мебошад, ки дар патогенези он гиперандрогенизми аз ҷиҳати генетикӣ муайяншуда ва навъи аз ҷиҳати генетикӣ муайяншудаи ихроҷи ғадудҳои чарбӣ нақши муҳим мебошанд. Барои он ки дар ҷояшон доғ намонад ба худтабобатӣ даст задан лозим несту ба табиби бемориҳои пӯст муроҷиат намудан лозим аст. Рӯй, ки ҷои нозук аст ба он ҳархела малҳамҳоро молидан мумкин нест.
Бо эҳтиром,
табиб Разоқов Ҳ.О.