Салом! Хоришак (чесотка -Скабиес) – ин бемории сироятии пӯст аст, ки сабаби пайдоишаш канаи хориш мебошад. Хоришак асосан дар рӯзгор дар натиҷаи тамосгирӣ паҳн мегардад. Одам ҳангоми аз шахси бемор гузаштани кана, ҳангоми бевосита бо бемор робита доштанаш, аз сару либос ва чизу чораи ӯ истифода бурдан сироят меёбад. Табобати ин беморӣ 3-5 рӯз аст. Барои табобати ин беморӣ ҳатман ба табиби бемориҳои пӯст муроҷиат намуда, аз рӯи тавсияи додаи ӯ амал кардан лозим меояд, чунки ҳангоми табобати нодуруст ба оризаҳои он дучор шудан мумкин аст. Метавонед, ки ба МШБПЗ муроҷиат намоед, ба Шумо кӯмаки худро мерасонем.
Бо эҳтиром,
ТабибРазоқов Ҳ.О.