Салом! Сурхшавии пӯсти рӯй,гарм шудани пӯсти рӯй ҳангоми бемориҳои гуногуни пӯст пайдо шуда метавонад (ҳангоми бемории илтиҳоби аллергикии пӯст,фотодерматит ва ғайра) ба вуҷуд ояд.Бинобар ин ҳангоми пайдо шудани дамидаҳои сурх ҳатман ба табиби бемориҳои пӯст муроҷиат намуда, аз рӯи тавсияи додаи ӯ амал кардан лозим меояд, чунки ҳангоми табобати нодуруст ба оризаҳои он дучор шудан мумкин аст. Шумо метавонед ба МШБПЗ-и шаҳри Душанбе муроҷиат намоед, ба Шумо тавсия медиҳем.
Бо эҳтиром,
табиб Разоқов Ҳ.О.