Салом!
Псориаз - ин бемории систематики музмини такроршавандаи табиаташ гуногунҷабҳа мебошад,ки пӯст, луобпардаҳо, узвҳои дохилӣ, буғумҳо ва лавҳачаҳои нохунҳоро иллатнок месозад. Беморӣ метавонад дар ҳар синну сол, аз давраи навзодӣ пайдо шавад. Ҷойҳои аз ҳисоби беморӣ дӯстдоштатарини ин беморӣ ин сатҳи росткунандаҳои андомҳои болоӣ ва поёнӣ, қисми мӯйдори сар мебошад. Унсури бартаридоштаи ин дерматоз папулаҳоанд, ки бо пулакчаҳои сафеди нуқрагин пӯшонида шудааст ва ҳангоми нест шудани онҳо пигментация (гипо ё гиперпигментация) боқӣ мемонад.
Шумо агар ин бемориро дошта бошеду дар Маркази саломатии ҷои истиқомататон дар қайди диспансерӣ бошед,ҳангоми пешниҳоди номи Шумо ба комиссариати ҳарбӣ ба Шумо билети ҳарбӣ (ғайриқобил-негоден) медиҳанд.Дар ҳолати баракс Шумо наметавонед,ки соҳиби билети ҳарбӣ шавед.
Бо эҳтиром, табиб Разоқов Ҳ.О.