Салом,
Мӯйрезиш (бемӯйӣ - алопеция) - ин равиши патологист, ки боиси қисман ё пурра нобуд шудани мӯйҳо дар ҷойҳои алоҳидаи сар ё тан мебошад. Мӯйрезишро аз рӯи аломатҳо ба: лонашакл, диффузӣ ва омехта ҷудо мекунанд. Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ гуногун аст. Дар Шумо шакли «лонашакл»-и ин беморӣ дида мешавад. Барои муоинаи пурра ва табобат ба мутахассис муроҷиат намоед. Пас аз гирифтани таҳлилҳои лозима ба Шумо табобати хос фармуда мешавад. Метавонед ба МШБПЗ муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Разоқов Ҳамроқул