Салом!
Витилиго (сафедшавии пўст) - ин аз ҳисоби кам шудани пигменти пӯст, ки меланин ном дорад, ба амал меояд. Сабаби пайдоиши ин беморӣ омилҳои гуногун шуда метавонанд, ки яке аз онҳо кирми рӯда аст. Барои муайян намудани намуди сафедпӯстӣ (витилиго) ҳатман ба мутахассис муроҷиат намудан лозим меояд. Пас аз муоинаи пурра ва таҳлилҳои лозима беморӣ муайян карда мешаваду табобати хос фармуда мешавад.
Бо эҳтиром, табиб Разоқов Ҳ.О.