Ассалому алейкум!
Бемории Трихофития(Trichophyton) - ин ба бемории сироятии пуст шомил буда асосан одамон ва хайвонот зарар мебинанд. Асосан хангоми ин бемори пуст ва хосилахои он(муйхо,нохунхо) иллат меёбанд. Барангезандаи ин бемори Трихофитон ба шумор меравад. Бемори асосан бо чунин намудхо: сатхи болои пуст, музмини ва фасоди-инфилтративи ба бадан таъсир мерасонад. Аз руи таъсир ба муйхо 2-намуд ё гурухи: (Trichophyton endotlrix) ва (Trichophyton ectothrix) чудо менамоянд. Сироятёби аслан бо тарзи тамоси ва инчунин ашёхои харруза мегузарад. Кудакон нисбатан ба ин бемори зиёд гирифтор мешаванд.
Нишонахо: Дар пусти хамвори бадан ва кисми муйдори сар дамишхо(догхо)-И гирд бо калахши сафедранг пушонидашуда пайдо мешаванд, ки яке аз нишонахои асрси ба шумор меравад. Дар мавзеъи кисми муйдори сар муйхо ба андозаи 1-2 мм мешикананд. Аслан ин мавзеъхо хориши сабукро доро мешаванд. Дар калонсолон бошад иллатёбии нохунхо дида мешавад(онихомикоз).
Хангоми шакли музминро доро гаштани бемори бо намудхои фасодию-инфилтрати, сикози паразитарии ришу муйлаб ва инчунин мавзеъи зери ноф талаф меёбанд.
Ташхис: Аслан дар асоси нишонахои клиникии бемори ва бо усули микроскопи инчунин лампа Вуда гузошта мешавад.
Табобат аз руи шакл ва дарачаи талафот гузаронида мешавад.
Трихофитияи сатхи бо истифодаи махлули Йод 3-5%, малхамхои зиддизамбуругии (Сульфури 33%, Тербинафин, Тридокс, Ламизил, Тербизил) ва хоказо гузаронида мешавад.
Хангоми намуди инфильтративи-фасоди ин мавзеъхои фасоднокро кушода ковокихои мавчудбуда бо махлули перманганати калий шуста мешаванд, баъдан малхами сульфуру-дегтяри ва махлули йод истифода мебаранд.
Хангоми талафоти зиёди кисми муйдори сар дар шароити беморхона табобат тавсия дода мешавад.
Бо эхтиром,
Кахоров Исохон