Оиди САҶИ ва бемории пуст
Азизчон
13.11.2021
Салом, ман як писари 18 Сола хастам ,то хол ягон бор алоқаи ҷинсӣ надоштам. Ҳамин сол тақрибан як моҳ мешавад, вақте ба ҳаяҷон меоям ë дар вақти роҳ гаштан гарм мешавам, баданам мехорад аз пусти сарам то пойхоям. Албата зуд боз хориш нест мешавад. Дар аввал он қадар ҷиддӣ нагирифтам вале дигар метарсам. Аз шумо хоҳиш дорам, ба ин саволи ман ҷавоб гардонед. Сабабаш дар чист ва ман бояд чӣ кор кунам?
Салом. Маслиҳат ба Шумо ҳамин, ки ҳатман аз машварати табиби эндокринолог гузаред. Ин шикоятҳои Шумо ҳангоми вайроншавии системаи эндокринӣ метавонад ба амал ояд.
Бо эҳтиром,
табиб Разоқов Ҳ.О
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо