Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди САҶИ ва бемории пуст

Асалому алейкум . Доктор баъд аз алокаи чинси пас аз 4 хафта ба ман хламидия гузашт 12 руз табобат кардам шукри Худо бехтар шудам баъд аз 23 рузи табобат дар руям дог пайдо шуд лимфатические узлы гардан варам кард гулу дард шудам миндали гулуям варам кард ва налёти зард пайдо шуд рафта анализ барои вич супоридам ифа 4 поколения чавобаш манфи баромад баъд аз анализ температурам 37.1 шабо руз 36.3 тагийрёбанда ва холо шикамам факат овоз мебарорад аммо шикамрав надорам , дастонам доги сурх пайдо мешавад ва дар поям ГУМ мешавад бо пайдо мешава ман дар ш . Москва карор дорам , ин чи бошад доктор чи кор кунам?

Салом!

Сирояти хламидӣ-сирояти тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда буда, барангезандаааш Chlamydia trachomatis мебошад. Ҳангоми гирифтани тавсияи мутахассис ин беморӣ бартараф мешавад. Аммо пайдо шудани доғҳо дар рўй, варам кардани гулў ва гиреҳҳои лимфатикӣ аз доруҳои қабулкардаи Шумо, ё гирифторӣ ба бемориҳои вирусӣ (зуком) буда метавонад. Маслиҳат барои Шумо ҳамин, ки ҳатман бори дигар ба мутахассис муроҷиат намоед, барои муоинаи пурра ва табобати хос.

Бо эҳтиром,

табиб Разоқов Ҳ.О.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.