Салом! Невуси Сеттон (Галоневус)- як невуси пигментӣ мебошад, ки дар мавзеъи берангшудаи пӯсти шабеҳ ба витилиго мебошад. Ташхиси ин беморӣ аз дерматоскопия, сиаскопия ва биопсияи невус иборат аст. Аммо нуқтаи асосӣ дар ташхис муайян кардани далели набудани меланома ва ҳузури невус мебошад. Дар чунин шароит, табобат лозим нест. Чун қоида, невуси Сеттон бештар дар кӯдакони гирифтори бемориҳои витилиго ё аутоиммунӣ ошкор карда мешавад. Невуси Сеттонро аксуламали пӯст ба таъсири шадиди нурҳои ултрабунафш ҳисобидан мумкин аст. Ягон табобати мушаххас гузаронида намешавад. Пеш аз сайругашт, аз истифодаи косметикаи муҳофизаткунандаи офтоб истифода бурдан лозим мешавад. Бо мақсади пешгирии инкишофи беморӣ, табибон тавсия медиҳанд, ки аз тамоси мустақим бо нури офтоб, нооромиҳои эҳсосӣ худдорӣ кунанд ва тарзи хӯрокхурии дурустро риоя намоянд.
Бо эҳтиром,
табиб Разоқов Ҳ.О.