Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди САҶИ ва бемории пуст

Салом бемории герпес тираш чанд бошад? Аз модар ба фарзанд намегузарад? Оё оиладор шудан мункиин бо ин беморӣ? Раҳмат.

Салом! Герпес – ин бемории вирусии такрорёбандаи музмин буда,сабаби баамалоияш вируси табхоли одии шакли 1 ва 2 мебошад. Антителаҳои синфи G пас аз IgM пайдо мешаванд ва дар организм якумра боқӣ мемонанд. Сатҳи баланди IgG сирояти такроршавандаро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, консентратсияи пасти IgG мавҷуд набудани сирояти фаъоли герпесро исбот намекунад. Дарёфти антитела дар якҷоягӣ бо IgM метавонад марҳилаи шадидро нишон диҳад. Дар ин ҳолатҳо, барои равшан кардани марҳилаи раванди сироятӣ индекси авидии антителаро муайян кардан лозим аст.Дар бисёр ҳолатҳо аз модар фарзанди солим таваллуд мешавад.Пеш аз оиладор шудан аз муоина ва ташхиси мутахассис гузаштан зарар надорад.

Бо эҳтиром,

табиб Разоқов Ҳ.О.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.