Салом.
Дард кардани устухонҳои даст шикояти хеле маъмул аст. Аммо фарқ кардани чунин синдром бо сабабҳои зиёди пайдоиши он душвор аст. Эҳсоси дарднок дар буғумҳои даст дар натиҷаи ҷароҳатҳо, захмҳо, латхўрӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Дард дар дастҳо метавонад мавҷудияти:
- бемории ишемияи дил,
- инфаркти миокард,
- эритематозаи системавиро нишон диҳад.
Ва инчунин метавонад аз ҷониби чунин бемориҳо ба амал ояд, ба монанди:
- подагра,
- остеоартрит,
- артрит,
- остеохондроз.
Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки ба худтабобатӣ даст назанед. Зарурати гузаронидани ташхиси дақиқ ва ҳаматарафа вуҷуд дорад, то сабаби дард муайян карда шавад. Аз ин рӯ ба духтур муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
табиб Ҳ. Разоқов