Салом, ташаккур барои савол.
Беморие,ки њангоми он аз ноф бўи нохуш меояд, омфалит ном дорад. Ин илтињоби поёни захми ноф аст, ки бактерияњо ба вуҷуд меоранд. Раванди сироятї ва илтињобї инчунин ба бофтањои чарбии зери пўст ва рагчањои ноф таъсир мерасонад.Ҳангоми риояи гигиенаи бадан бўи ноф эњсос намешавад. Агар инсон мунтазам душ гирад, микробњо имконият барои зиёд шуданро дар ноф надоранд. Дар давоми рӯз дар дохили ноф риштаи либос ва чанг љамъ мешавад, ки бо араќ омехта мешаванд. Дар чунин шароит бактерияњо хеле зуд афзоиш меёбанд (онњо дар пўст зиндагї мекунанд).Пеш аз ҳама, гигиена бояд риоя карда шавад. Дар аксари њолатњо ин мушкилот тавассути риояи оддии ќоидањои гигиенї њал карда мешавад. Агар ин сирояти бактериявӣ бошад, пас ба бемор доруњои антибактериявї таъин мекунанд; агар замбўруѓї - зиддизамбўруѓї.
Сабабњои хориши пўст гуногунанд,њатман ба табиби пўст мурољиат кунед,то ба Шумо табобати мувофиќ фармояд.
Бо эњтиром,
табиб Разоќов Њ.О.