Ассалом!
Дар натиҷаи вируси ҳерпеси оддӣ хуруҷ мегирад, ки ҳам дар узвҳои таносул ва ҳам дар лабҳо пайдо мешавад. Ин вирус ниҳоят сироятпазир аст. Сироятшавӣ дар ҳаёт як маротиба ба амал меояд. Пас аз ин вирус якумрӣ дар организми инсон ҷойгир мешавад, ҳатто пас аз табобати он ҳам. Банақшагирӣ ва омодагӣ ба ҳомиладорӣ танҳо ҳангоми ремиссияи доимӣ ва дарозмуддати сирояти ҳерпес имконпазир аст .
Бо эҳтиром,
Вероника Мельникова.