Оиди САҶИ ва бемории пуст
Миша
16.04.2019
Салом ака, илтимос ҳами саволи маро ҷавоб тиен, бемории сифлис аз шахси сироят ёфта ба инсони солим чи гуна мегузарад ва чи нишонаҳо дорад?
Салом!
Сифилис-ин бемории венерикӣ ё зӯҳравӣ мебошад, ин бемории умумии сироятнокест, ки тавассути трепонемаи сафед (спирохета) пайдо мешавад ва дар сурати табобат накардан ҷараёнаш музмин ва такроршаванда мегардад, метавонад, ки тамоми узвҳо ва системаҳои организми беморро фаро гирад.
- Роҳҳои гузариши асосӣ:
- бо роҳи алоқаи ҷинсии беистифодаи рифола;
- бо роҳи хун
- вертикалӣ (аз модар ба кӯдак)
- сироятёбии ғайриҷинсӣ ҳангоми бӯсидан,агар дар даҳони бемор захмҳои сифилитикӣ ҷой дошта дошанд.
- бо роҳи профессионалӣ;
- бо роҳи маиши (ҳаётӣ) -ҳангоми истифодаи лавозимоти ошхонагӣ, шёткаи дандоншӯӣ, риштарошак ва ғайра.
- Аломатҳои оташак (сифилис) хеле гуногун мебошанд. Онҳо вобаста аз давраи беморӣ тағйир меёбанд. Се давраи бемории оташакро фарқ мекунанд:
- Оташаки (сифилис) ибтидоӣ пас аз хотимаёбии давраи ноаёнӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҷои ба организм роҳёфтаи барангезанда (узвҳои таносул, пардаи луобии даҳон ва ё рострӯда) захми бедарди решааш ғавс пайдо мешавад (сӯзоки сахт). Пас аз 1-2 ҳафтаи баъди пайдоиши захм ғадудҳои сафроӣ дар атрофи он варам мекунанд (ҳангоми паҳншавии захм дар даҳон варами ғадудҳои сафроии зери ҷоғ ва осебёбии узвҳои таносул - ғадудҳои сафроии қадкашак дида мешавад). Захм (сӯзоки сахт) дар давоми 3-6 ҳафтаи пайдоиш мустақилона сиҳат мешавад.
- Оташаки такрорӣ дар фосилаи 4-10 ҳафта пас аз пайдоиши захм (2-4 моҳ пас аз сироятшавӣ) ба вуҷуд меояд. Вай дорои хусусияти дамидани доначаҳои мутаносиби тиратоб дар тамоми бадан мебошад, аз ҷула дар кафи дастон ва кафи пойҳо. Ба пайдоиши доначаҳо бисёр вақт дарди сар, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан (мисли зуком) ҳамроҳ мешавад. Ғадудҳои сафроӣ дар тамоми бадан варам мекунанд. Оташаки такрорӣ дар шакли паи ҳам ивазшавии хуруҷ ва ифоқат (давраҳои гузариши бе аломат) ҷараён мегирад. Ҳамзамон рехтани мӯи сар эҳтимол дошта, дар узвҳои таносул ва дар атрофи мақъад пайдоиши доначаҳои ҳамранги бадан ба назар мерасад (кондиломаҳо).
- Оташаки сеюмкарата ҳангоми мавҷуд набудани табобат дар мурури солҳои зиёди сироятшавӣ пайдо мешавад. Ҳамзамон системаи асаб (аз он ҷумла майнаи сар ва ҳароммағз), устухонҳо ва узвҳои дохила (аз он ҷумла дил, ҷигар ва ҳоказо) осеб меёбанд. Ҳангоми сироятшавӣ дар вақти ҳомиладорӣ сирояти оташаки модарзодии навзод эҳтимол дорад.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо