Салом!
Бемории сафедпӯстӣ – ин барас (витилиго) ном дорад. Сабаб ва роҳҳои ба амал омадани ин беморӣ маълум нест. Сафедпӯстӣ дар асоси кам ҳосил шудани пигменти меланин дар пӯст ба амал меояд (дар ҳосилшавии меланин баъзе витаминҳо, аз ҷумла витамини С роли калон мебозад, инчунин кам шудани миқдори микроэлементҳои мис,оҳани хун). Барои ташхиси дуруст ва табобат ҳатман ба табиби дерматолог муроҷиат кардан лозим.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов