Оиди САҶИ ва бемории пуст
3ХХХХ
29.06.2018
Салом! Муддати 15-руз шуд ки дар руям ва гарданам ва зери чашмонам догхои сурх баромадааст ва зуд зуд чойхои худро иваз мекунад, яъне хангоми дар руям баромадан ва лахзае боз дар зери чашмам мебарояд, хамин тавр давом меёбад хамагуна табобатро кардам ягон пешрави нашуд оё сабаби ин бемори доги сурх баромадан дар дасту руям, аз чи бошад ва табобаташ чи тавр пешгири карда мешавад? Илтимос, тезтар ба ман чавоб гуед.
Салом!
Пайдо шудану тез нест шудани доғҳои сурхи такроршаванда аз бемориҳои саглес ва аллергики дарак медиҳад. Сабаби ин бемориҳо аз иллатнок шудани узвҳои дохила вобастагӣ дорад. Ҳатман ҳангоми пайдоиши ин дамидаҳо ба табибони дерматолог ва аллерголог бояд муроҷиат кард.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо