Салом!
Хориш ҳолатест, ки дар инсон ҳисси хоридан пайдо мешавад. Хориши пӯсти бадани инсон метавонад сироятӣ бошад, ё ки ғайри сироятӣ. Хоришак-ин бемории сироятии пӯст аст, ки сабабаш канаи хориш мебошад. Хоришак асосан дар ҳаёт,дар натиҷаи тамосгирӣ паҳн мегардад. Одам ҳангоми аз шахси бемор гузаштани кана, ҳангоми бевосита бо бемор робита доштан, аз сару либос ва чизу чораи ӯро истифода бурдан сироят меёбад. Хориши ғайри сироятӣ ин ҳангоми баланд шудани ҳассосияти бадан ба маводи ғизогӣ, бештар ба шири гов, моҳӣ, шоколад,меваҳои ситрусӣ ва ғайра пайдо мешаванд.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов