Салом!
Трихомониаз - ин ба бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда дохил мешавад, ки барангезандааш трихомонада(трихомонус) мебошад. Ин беморӣ яке аз бемориҳои паҳншудаи венерикӣ ба ҳисоб меравад ва дар занҳо маҳбалро сироят мекунаду дар мардҳо бошад мезароҳа ва ғадуди простатаро. Ин бемории табобатшаванда аст.Асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Эҳтимолияти бо роҳи ғайриҷинсӣ гузаштан низ ҷой дорад.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов