Салом!
Трихофития - ин бемории хеле сироятнок мебошад, ки барангезандааш замбӯруғҳои антропофилӣ мебошад. Занбӯруғҳои зооантропофилӣ ки дар бадани ҳайвонот (гов, асп, муш, харгӯш) зиндагӣ мекунанд,ба одам низ таъсир расонида,боиси трихофитияи рашҳию римнок мегарданд.
Замбӯруғҳои атропофилӣ ҳангоми тамоси бевоситаи кӯдакони солим бо кӯдакони бемор ё истифодаи ашёи онҳо сироят мекунанд.Трихофития мешавад:
-сатҳӣ (қисми мӯйдори сар ва пӯсти ҳамвор);
-музмин(нохунҳо низ ихтилол меёбанд);
-тарошӯҳию римнок.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов