Оиди САҶИ ва бемории пуст
3. Кома
02.04.2018
3. Салом табибон муҳтарам. Ба ман фаҳмонед ки ҳамин бемории Сифлис бо кадом роҳҳо боз мегузарад, чунки ман алоқаҳои ҷинси мунтазам бо шахсони тасодуфи дорам.
Салом!
Сифилис-ин бемории венерикӣ ё зӯҳравӣ мебошад, ин бемории умумии сироятнокест, ки тавассути трепонемаи сафед (спирохета) пайдо мешавад ва дар сурати табобат накардан ҷараёнаш музмин ва такроршаванда мегардад, метавонад, ки тамоми узвҳо ва системаҳои организми беморро фаро гирад.
Роҳҳои гузариши асосӣ:
- бо роҳи алоқаи ҷинсии беистифодаи рифола;
- бо роҳи хун
- вертикалӣ (аз модар ба кӯдак)
- сироятёбии ғайриҷинсӣ ҳангоми бӯсидан,агар дар даҳони бемор захмҳои сифилитикӣ ҷой дошта дошанд.
- бо роҳи профессионалӣ;
- бо роҳи маиши (ҳаётӣ) -ҳангоми истифодаи лавозимоти ошхонагӣ, шёткаи дандоншӯӣ, риштарошак ва ғайра.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо