Оиди САҶИ ва бемории пуст
3 Хиромон
29.03.2018
Салом! Бемории сафедшавии пӯст аз чи ҳисоб аст ва ин бемори табобатшаванда аст?
Салом!
Бемории сафедшавии пӯст(гипопигментация) - ин пастшавии сатҳи синтези меланин(масолеҳи рангкунанда) мебошад ва метавонад модарзодӣ бошад ё дар давоми ҳаёт ҳосил шавад.
Сабабҳо:
- бемориҳои музмин;
- аз ҳад зиёд дар зери офтоб (УФО) будан;
- процесси илтиҳобӣ;
- норасоии оҳан(ҳомиладорӣ,ғизои нодуруст).
Ин беморӣ табобатшаванда аст, агар сабабаш муайян карда шавад.
Бо эҳтиром,
Ҳамро Разоқов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо