Оиди САҶИ ва бемории пуст
Меҳмон
11.12.2017
Аз суханони бемор чунин бармеояд, ки аз синни 22-23 солаги сустии бадан (ҳангоми ҳамхобагӣ бо оилаашро) ҳис менамояд. Дар ш. Москва ба назди мутахассисони Уролог-андролог муроҷиат намудааст ва табобатҳо гирифтааст беҳбудии на чандон тӯлониро ҳис кардааст. Санҷишҳоро супоридааст дорандаи вирусҳои ЦМВ, ВПГ, Хламидиоз, Уреаплазмоз, Гарднереллёз мебошад.
Маслиҳат диҳед то ин ки чи бояд кард. Оё то баргаштан ба Ватан ин вирусҳо бе табобат зарарашон ба ман ва оилаам мерасида бошанд? Ба куҷо муроҷиат намоем?
Салом!
Шумо ҳатман ба наздиктарин муассисаи дерматовенерологии дар ҷои истиқомати муваққатиатон муроҷиат намоед ва тавсияҳои табибро оиди муолиҷаи ин бемориҳо қабул намоед.
Ва ҳатман баъди табобат санҷишҳои контролиро супорида аз он бо хабар гардед.
Бо эҳтиром,
Исохон Кахоров
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо