Оиди САҶИ ва бемории пуст
Меҳмон
22.10.2013
Бемории сифилис ба воситаи дастпоккунакхои ошхонахо мегузарад? Агар гузарад барои чи дар ошхонахои чумхури то хол салфетка пурра истифода намебаранд ва ин кор аз тарафи кадом корхонаи давлати назорат карда мешавад?
Ассалому аллайкум! Чавоб ба саволи пешниҳодгардида. Ба саволи Шумо оиди оне, ки оё бемории Оташак ба воситаи сачокҳои ошхонаги мегузаранд ё не? Чунин ҷавоб медиҳам, ки Бемории Оташак бо воситаи алоқаи ҷинсӣ, хун ва компонентҳои аз хун тайёр мекардаги инчунин бо воситаи ҳамроҳак аз хуни модари гирифтори ин бемори ба тифли дар батни модар қарор дошта мегузарад. Ин бемори бо воситаи ашёҳои рузгор, бӯсидан, дастфишурдан, сӯҳбат намудан аз масофи наздик намегузарад. Оиди иваз намудани сачокҳо ба сальфеткаҳои хушк ва тар дар ошхонаҳо чунин гуфтаниам, ки сатҳу сифати хизматрасонии ин ошхона, чойхона, ресторанҳо ва пешхизматҳо аз тарзи маданияти коргузории маъмурияти ин даргоҳ ва усули пеша намудаи онҳо вобастагии калон дорад. Нисбати назорат оиди ин амалҳои нодуруст фикр мекунад Хадамоти назорати санитари эпидемиологи доир ба соҳаи хӯрока ва хизматрасониҳои маишӣ вобаста мебошад. Бо эҳтиром, табиб И. Қаҳоров
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо