Салом!
Дар шароити имрўза табобати бемории Барас басо мушкил мебошад. Тиббї муосир усулҳои ҳозиразамони муолиљаи ин бемориро аз тарзи амалиётҳои табобатии Ғарбу Шарқ истифода менамояд. Бояд қайд кард, ки ин кўшишҳо ва талошҳои олим ва табибон нисбати сафедшавии пўсти бадан то инљониб бе натиља мебошанд. Барои муолиљаи сафедпўсти маводҳои дорувории: Глюкокортикоидҳо, маводҳои зиддиилтиҳобии ғайристероидї, маводҳои рафънамоии нишонаҳо (симтоматическое) ва маводҳои зиддиилтиҳобї истифода бурда мешаванд.
Муолиљаи бо усули љарроҳї пайвандсозии мавзеъи сафедпўстї дар давлати Изроил.
Ин намуди усул ҳангоме истифода бурда мешавад, ки тамоми усулҳои муолиљаи доруворї (консервативї) агар натиљае надиҳанд.
Ин усул танҳо ба бемороне тавсия дода мешаванд, ки аз тамоми усулҳои дар боло зикргардидаро истифода бурдаанд аммо натиљае надидаанд ва собиқаи бемориашон на камтар аз 3 солро ташкил медиҳад тавсия дода мешаванд.
Пайвандсозии мавзеъи сафедпўсти аз пўсти солими худи бемор(Аутологичная трансплантация кожи).
Ин амалиёт баъди пас кардани масунияти бадан (Иммуносупрессивное) ва билохира аз қисмати пўсти солим људо намуда пайванд карда мешавад. Табиб љарроҳ аз қисмати донории пўст, яъне пўсти пигментдори қисмати дигари бадан гирифта ба љои сафедпўсти пайванд менамояд.
Бо эхтиром,
Исохон Кахоров.