Салом!
Бемории Сузок(гонорея)- ин бемории сироятии тавассути алокаи чинси интиколёбанда ба шумор меравад. Ин холат дар хомиладорон дар мавриде ба амал меояд ки шарики чинсии ин зан (шавхар) гирифтори бемории Сузок буда хамчун интиколдиханда ба шумор меравад. Дар аксар мавридхо яъне хангоми муоличаи нодуруст ва нопурра бемории Сузок ба шакли нихони(дохили хучайрави) гузашта хамхобахои чинсиро сироят менамояд. Барои дарёфти бемории Сузок(гонорея) санчиш на аз пешоб балки молишак аз мезароха, махбал ва канали сервикали гирифта мешавад. Инчунин бояд кайд намоям, ки бемории Сузокро дар занхои хомила дигар беморихои сирояткунандаи чинси аз кабили Трихомониаз, Хломидиоз, Уреаплазмоз, Микоплазмоз, Гарднерелёз, Замбуругхои хамиртурши ба вучуд оварда метавонанд.
Бо эхтиром,
Исохон Кахоров.