Салом!
Бемории Ситомегаловирус (Human Cytomegalovirus Infection), СМВ-инфекция, цитомегалия, бемории вирусии гадудхои луоби ба шумор рафта аз шахси гирифтори ин бемори ба одами солим интикол ёфта, онро инчунин сирояти оппортунисти низ меноманд, ки бо тарзи пушида ва сабук мегузарад. Хатари ин бемори дар мавридхои сустшавии иммунитети бадан ва хангоми хомиладории занон,ки сироятёбии дохилибатнии тифл ба амал меояд вобаста менамоянд.
Механизми гузариш: гуногун мебошад, тамоси яъне алокаи чинси ва бо воситаи ашёхои рузмарра ва инчунин бо воситаи хамрохак аз модари сироятёфта ба тифл дар вакти хомиладори. Дар мавриди пайвандсозии узвхои даруна (гурда, чигар ё ин ки дил) ё гузаронидани хуни сироятёфтаи донорхо. Сирояти дохилибатни бисёр мавридхо дар мархилаи 1-ум семохаи хомиладори ба назар мерасад.
Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМО) – бемории вазнине мебошад, ки хангоми норасоии вируси одам(ВИЧ) ба амал меояд. ВНМО- беморие мебошад, ки то инчониб табобатнашаванда мебошад. Маводхои зиддивирусие, ки айни замон барои муоличаи беморони ВНМО/АНМО истифода мебаранд пурра ин вирусро аз бадани одам муолича наменамоянд. Шахсоне, ки бо ингуна муолича табобат кабул намуда истодаанд сади рохи таксимшави ва зиёдшавии вирусро дар баданашон гирифта бо ин усул муддати умрашонро ба кадре дароз менамоянд.
Муоличаи бемории Цитомегаловирус:
Муоличаи бемории цитомегаловирус-каме душвор буда, маводхо зиддивирусии интерферон ва бисёре аз хабхо (ацикловир, видарабин, виразол) таъсири начандон хуб дошта дар баъзан холатхо аксуламалхои гуногунро ба бор меоранд. Дар занхои хомила, ки бо аворизхои гуногун мурочиат менамоянд истифодаи маводи иммуноглобулини зиддиситомегаловирусии одами (левамизол, Т-активин, Фоскарнет ва Ганцикловир)-ро ба муддати 14-21 руз тавсия менамоянд.
Иммуноглобулини махсуси зиддиситомегалияро бо микдори 3,0 мл д/м ба муддати 10-руз истифода менамоянд.
Барои пешгири ва муолича ба занхо аз маводхои зерин: 0,25% бонафтоновую, оксолиновую, риодоксолевую, 0,5% теброфеновую, флореналевую, 1% интерфероновую, 3-5% малхами ацикловир 3-5 маротиба дохили махбал мегузоранд ба муддати 12-15 руз (малхамхо бояд хар 10-14 руз баъд иваз карда шаванд).
Бо эхтиром,
Кахоров Исохон.