Салом!
Цитомегаловирусҳо ва Вируси герпеси оддӣ-ин беморие мебошанд, ки дар бадани инсони солим ҳангоми сироят намудан то охири умр боқи мемонанд. Танҳо ҳангоми паст шудани иммунитети бадан шумораи (титри) миқдори ин вирусҳо дар хуни бемор зиёд гардида хавфи пайдоиши аломатҳои клиникӣ ва оризаҳоро аз қабили (вайроншавии қобилияти муҳофизатии бадан, вайроншавии функцияҳои репродуктивӣ, илтиҳобҳои узвҳои занона ва мардона, безуриётӣ) оварда мерасонад.
Ҳангоми табобат цитомегаловирусҳо пурра аз бадан нест намешаванд яъне табобати пурра намегарданд. Дар мавриди муолиҷа мо танҳо метавонем титри миқдори вирусҳоро то ҳадди меъёр( 1:200 ) паст намоем. Ин нишондодҳо бо усули ИФА бо тарзи Ig A ва Ig G яъне давраи сироятёбии бемор муайян карда мешавад ва дар бораи муолиҷа намудан ва ё муолиҷа накардан андешарони карда мешавад.
Бо эхтиром,
Кахоров Исохон.