Салом!
Бемории барас дар натиҷаи вайроншавии раванди ҳосилшавии ранг(пигмент) дар пӯст ҳангоми бемориҳои ғадудҳои дохила(эндокринӣ) ва системаи асаб ба амал меояд.
Ин бемори аз як шахс ба шахси дигар сироят намеёбад, яъне аз шахси гирифтори ин бемори ба одами солим намегузарад.
Ақида ва назарияи гузаштани ин беморӣ аз авлод ба авлод тавассути хромосомаҳои ДНК,РНК то ба андозае вуҷуд дорад.
Ин ҳолат аксаран дар мавриди муроҷиати баъзе маризон бо ин беморӣ мушоҳида карда мешавад.
Бо эхтиром,
Исохон Кахоров