Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди САҶИ ва бемории пуст

Аз кадом сабаб руи одам угри мебарояд?

Салом!

Бемории гармича ё рихинаксори (угревая болезнь, акне) ин беморие ба шумор меравад, ки дар фаъолияти хамарузаи табиби беморихои пуст вомехурад. Аслан ба ин бемори духтархо дар синни аз 12 то 14 сола ва дар писархо бошад дар синни  14–15 мушохида карда мешавад. Дар ин синну сол аслан ду мархилаи раванд: 1) физиологи ва 2) клиники  чудо карда мешавад. Вобаста ба мархилахои номбаршуда танхо бояд ба 15% беморон табобат таъин карда шавад. Бояд кайд кард,ки дар баъзан мавридхо ин бемори аз синни 40 солаги низ рух медихад.          Ин бемори аз сабаби бемории чарбуи зери пуст (насчи пуст) ба оризахо оварда мерасонад, ки табобаташ хам шакли тулони  яъне музминро талаб менамояд. Дар бисёр мавридхо аз муоличаи кабулнамуда бехбудие дида  намешавад.   

Намудхои ин бемори  чунин мебошанд:

  • Рихинаки вульгари (чавони),
  • Намуди папулёзи,
  • Намуди пустулёзи, ки муоличаашон осон ва аз худ каме тагироти  пайдор(рубец)  боки мемонанд.
  • Намуди  конглобати (флегмави, индуративи) мушкилтабобат буда догхои дагали косметики ва мушкилихои тиббию чамъиятиро хам барои табибон ва хам барои беморон эчод менамояд.
  • Дар вайроншавии чарбуи зери насч асосан гормонхои тестикуляри ва овариали (свободный тестостерон) инчунин гадуди болои гурдаги (дегидроэпиандростерон, андростендион) роли басо мухимро мебозанд. Дар ин мархила норасоии элементи рух (цинк), ки дар 80% беморон ба кайд гирифта мешавад сабабгори хоричшавии равгани зери насч мегардад. Маводхои табобатии беруна аз  истифодаи махлулхои дорои элементи рух дошта ба муддати 3-мох тавсия дода мешавад, баъдан таъиноти маводхои пешгирикунанда тавсия дода мешавад. 

    Ба ин мавохо инхо шомиланд:

    1.    Адапален (дифферин), ки 1 маротиба шабона баъд аз шустани руй истифода мебаранд. Бехбуди аслан баъди 3 мох мушохида карда мешавад. Бо максади табобати дастгирикунанда хамашуда 2–3 маротиба дар давоми хафта истифода менамоянд.

    2.    Бензоил пероксид (базирон АС, окси-5, окси-10) хангоми дар пусти рухсорахо молидан хосилшавии шаклхои фаъоли оксиген ба амал меояд, ки ба синтези кислотахои озоди равгани монеъа эчод менамояд. Ин мавод ба гурухи микробхои P. acnes, St. epidermidis, Malassezia furfur таъсири бенихоят марговар мерасонад.

    3.    Азелаиновая кислота (скинорен), барои муоличаи беруна дар шаклхои 20% крем ва 15% гел истехсол карда мешавад, ки барои баркароршавии эпидермис тавсия  дода мешавад.

    Кислотаи салицили -0,5%–5% резорцин 1–3% — таъсири хуб ба намуди  фолликулярию гиперкератози тавсия шуда хислати зиддиилтихобиро дар ин беморон мушохида кардан мумкин аст.

    Изотретиноин (роаккутан) Таъиноти аввалиндарача аз 0,5 мг/кг тавсия карда мешавад ва муддати таъинот аз 4 то 8 мох давом дода мешавад.

    Антибиотикхои таъсирашон системави.  Асосан эритромицин ва тетрациклин таъинот карда мешавад, ки давомнокиаш аз 6 то 8 хафта ва зиёдтар идома меёбад, ки аз меъёри 1 г дар як шабонаруз огоз намуда баъдан 0,1–0,2 г хар кам намуда бе танафус 5–10 руз идома меёбад. Хангоми таъиноти антибиотикхо хатман аз хаби зиддизамбуругии (флуконазол 150 мг) барои пешгирии кандидоз тавсия дода мешавад. Табиб аз маводхои пешгирикунандаи равганбарор (мазхо, лосьонхо, скрабхо) истифода намуда муддати муайян бояд беморро тахти назорати диспансери карор дихад.

    Бо эхтиром,

    Кахоров Исохон.


    Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

    Саволҳо ва ҷавобҳо

    Мушовирони мо

    Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

    • usaid russ
    • logo spirit america  afif
    • OSI russ
    © 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
    Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.