Салом!
Барас (Витилиго-vitiligo) –ин беморие ба хисоб меравад, ки табобати он бенихоят мушкил ва дарозмуддат мебошад. Барас новобаста аз синну сол, кавм, нажод метавонад дар кисмхои гуногуни одамон пайдо гардад. Ин холат аксаран дар мавриди норасоии (меланина), ба амал меояд, ки ранги пусти бадан сафед мегардад. Аслан то кунун табиати пайдоиши Барас пурра кашф ва омухта нашудааст, гарчанде, ки олимон тадкикотхои нихоят зиёдеро дар ин чода гузаронидаанд.
Сабабхо: Бемории Барас аз 6-сабаб пайдо мегардад.
1). Беморихои узвхои даруна ва гадудхои усораи дохили (дар 30% -и беморони дорои Барас мавчуд будани бемории гадуди сипаршакл(Зоб) мушохида карда мешавад.
2). Вайроншавии масунияти бадан.
3). Вайроншавии фаъолияти системаи асаб( хайяачоноки ва тарсу харос).
4). Беморихои музмини бадан.
5). Захролудшавии бадан.
6). Ва гайра-хоказо.
Муолича: Табобат бо усули сузондан(прижигание) вучуд надорад. Муоличаи бемории Барас тахти назхорати доимии табиб бояд карор гирад. Асосан муоличаи ин бемори аз истифодаи маводхои нури офтобиро ба худ чалбкунанда дар якчояги бо дастгохи ПУВА-терапией (нурафкании ультрабунафши) гузаронида мешавад.
Маводхои дорувори аслан дар шаклхои зерин:
А) Хабхо
Б) Махлули спирти
В) Малхамхо истехсол карда мешаванд.
Бояд дар беморон оиди номумкин будан гузаронидани амалиёт хангоми чунин беморихо аз чумла:
1) Омосхои бадсифат
2) Давраи хомиладори
3) Хасосияти баланд ба НУБ
4) Бемории меъда
5) Бемории чигар
6) Бемории гурда
7) Беморихои системаи дилу рагхо
8) Бемории хун(лейкоз)
9) Синну соли то 5-сола ва аз 60-сола боло дар назар гирифта шавад.
Бо эхтиром,
Кахоров Исохон.