Салом!
Рузатон ба хайру шоди бод омузгори мухтарам.
Масъалаи тадкикоти тарашухот(моеъхо) аз узвхои таносул басо фарохгир мебошад. Вобаста ба характери тарашухот, хиссиётхои субъективи ва моеъи чудошаванда аз роххои узвхои пешоббарору таносул барои муоина матоъи биологи(биологическое материал) гирифта мешавад. Ин матоъ асосан аз канали уретра,махбал ва канали сервикали гирифта шуда дар чузъи шишаги молиш дода мешавад баъдан бо усули Романовский-Гимза ва ё кишти бактериологи муоина карда мешаванд.
Хангоми мавчудияти хоричшавии тарашухот, гумонбари ва ё ин ки шикоятхои сузишу норохатии мавзеъхои узвхои таносул хангоми пешоброни(пешина ва баъди пешоб) ва ё дар мавриди алокаи чинси доир ба мавчуд будани ин ва ё он Беморихои тавассути алокаи чинси интиколёбанда (БАЧГ,ЗППП) бояд андеша ронд. Асосан шахси солим ин шикоятхоро надорад. Дар шахси бемор аксар маврид чудошаваии тарашухот, буйи гализ ва инчунин хиссиётхои субъективи мавчуд мебошанд. Барои муайян намудани барангезандаи ин нотоби молишак гирифта шуда тадкикот бурда мешавад. Клиникаи хар як БАЧГ( ЗППП) дорои хусусиятхои хоси худ буда чараёни клиники, хоричшавии тарашухот, хиссиётхои субъективиашон гуногун мебошанд.
Бо эхтиром,
Исохон Кахоров.