Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллимаҷон. Мехостам як чиз пурсам. Чӣ хел кунам, ки ман зани дуюм шудагӣ. Акнун шавҳарам боз зани сеюм гирифт. Вай занак ба ман занг зада зӯрӣ мекунад. Муносибати ман бо ин мард хунук шудагӣ. Вай акнун дер дер хабар мегирад. Ва кораш ҷанҷол аст. Ман гуфтам ки ҳамеша рафта зани якумаш ба хабар тиям. Вай ҳам донад ки баъди вай боз ин шавҳараш чанд то зан гирифтаст. Акнун намедонам чӣ кор кунам. Чӣ маслиҳат медиҳед?

Ассалом Мамлакат.
Қонун дар бораи бе издивоҷ зиндагӣ кардани марду зан чӣ мегӯяд?
Қонун мегӯяд, ки одамон ба «бадахлоқии ҷинсӣ» даст назананд.  «Бадахлоқии ҷинсӣ» гуфта зино, ҳамҷинсбозӣ ва алоқаи ҷинсӣ байни марду зане, ки дар издивоҷ нестанд, дар назар дошта шудааст.
Чаро издивоҷ муҳим аст?
Издивоҷ бо мақсаде барпо карда шудааст, ки марду зан як умр бо ҳам зиндагӣ кунанд. Ин бар манфиати аҳли оила буда, онҳоро муҳофизат мекунад. Мисоле меорем. Масалан, истеҳсолкунанда барои дуруст часпондани мебел дастурот медиҳад. Ба ин монанд, дастуроти Қонун кӯмак мекунад, ки муносибати аъзои оила наздик бошад. Агар одам аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ зиндагӣ кунад, фоидаашро мебинад.
Истеҳсолкунанда барои дуруст часпондани мебел дастурот медиҳад. Ба ин монанд дастуроти оиладорӣ кӯмак мекунад, ки оилаи хуб бунёд кунӣ.
Алоқаи ҷинсӣ берун аз издивоҷ оқибати талх дорад. Масалан он метавонад боиси ҳомиладорӣ, бемориҳои сироятӣ ва ранҷу азобҳои равонӣ гардад.
Оё барои якдигарро хуб шинохтан, пеш аз издивоҷ якҷоя зиндагӣ кардан мумкин аст?
Барои издивоҷи хуб бунёд кардан, шарт нест, ки муддате бе ягон масъулият бо ҳам зиндагӣ кунӣ. Баръакс пайванди издивоҷ ҳамон вақт мустаҳкам мегардад, ки агар ҷуфт ба якдигар вафодор бошад ва барои бартараф кардани проблемаҳои зиндагӣ ҳамкорӣ кунад. Ҳамин тавр, дар издивоҷ садоқатмандии ҳамсарон қавитар мегардад.
Чӣ тавр ҳамсарон пайванди издивоҷашонро қавӣ гардонда метавонанд?
Ягон издивоҷ бекамбудӣ намешавад. Вале, агар ҳамсарон маслиҳатҳоро ба кор баранд, издивоҷашон муваффақ мегардад. Баъзе аз маслиҳатҳо:
Назар ба ниёзҳои худ ба ниёзҳои ҳамсаратон бештар ғамхорӣ кунед.
Якдигарро дӯст доред ва ҳурмат кунед
Ба маслиҳатҳои бохирадонае, ки дар поён оварда шудаанд, аҳамият диҳед.
Шавҳарон, зани худро дӯст доред
«Шавҳарон... бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, чунки ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад».
Шавҳар сардори оила аст. Вале шавҳари хуб дағал ё сахтгиру серталаб нест. Ӯ занашро қадр мекунад ва дар бораи ниёзҳои моддӣ ва равониаш ғамхорӣ мекунад. Шавҳар ҳамчунин ҳаракат мекунад, ки занаш хурсанд бошад ва ҳамеша гапи худро намегузаронад. Вай бо занаш дар бораи фикру ҳиссиёташ кушоду равшан гап мезанад ва суханони ҳамсарашро бодиққат гӯш мекунад. Шавҳари хуб ҳеҷ гоҳ ғазабашро ба сари занаш намерезад ва ӯро намезанад ё суханони пасту баланд намегӯяд.
Занон, шавҳари худро эҳтиром кунед
«Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад».
Вақте зан шавҳари худро ҳурмату эҳтиром карда қарорҳои ӯро дастгирӣ мекунад, дар оила тинҷию оромӣ зиёдтар мешавад. Агар шавҳар ягон хато кунад, зан ӯро паст намезанад, балки оромона ва бо эҳтиром муносибат мекунад.  Вақте зан дар бораи ягон душворӣ гап заданӣ мешавад, ӯ вазъиятро дар лаҳзаи мувофиқ ва бо эҳтиром ба шавҳараш мефаҳмонад.
Ба ҳамсаратон вафодор бошед
«Мард... бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд».
Вақте марду зан оиладор мешаванд, онҳо муносибати наздик пайдо мекунанд. Барои пайванди издивоҷро мустаҳкам нигоҳ доштан ҳамсарон бояд самимона тез-тез бо ҳам муошират намоянд ва бо корҳои форами худ, ҳатто хурд бошанд ҳам, якдигарро хурсанд кунанд. Онҳо бояд ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд, зеро хиёнат мисли зарби шамшер аст. Агар яке аз онҳо ба ин кор даст занад, аз боварии ҳамсари худ мебарояд ва оилааш вайрон шуда метавонад.
Анвар  мегӯяд: «Вақте ки Розия хафа аст, вай дурудароз гиря мекунад. Вақте ки мо проблемаро якҷоя муҳокима карданӣ мешавем, вай асабӣ мешавад ва ҳатто бо ман гап намезанад. Ба назар чунин метобад, ки ҳеҷ чиз ёрдам дода наметавонад. Ва хоҳиши ӯро ором кардан аз ман гум мешавад».
Розия мегӯяд: «Вақте ки Анвар ба хона омад, ман гиря мекардам. Ман ба ӯ фаҳмонданӣ шудам, ки барои чӣ хафа ҳастам, вале ӯ гапи маро бурид. Вай ба ман гуфт, ки ин кирои гап нест ва ман бояд инро фаромӯш кунам. Аз ин рафтори ӯ ман боз ҳам зиёдтар хафа шудам».
Оё шумо худро ягон бор монанди Анвар ё Розия ҳис кардаед? Ҳар дуи онҳо бо якдигар муошират кардан мехоҳанд, вале зуд–зуд асабонӣ мешаванд. Барои чӣ?
Мард ва зан бо тарзҳои гуногун муошират мекунанд ва ниёзҳои гуногун доранд. Зан шояд сахт мехоҳад, ки ҳиссиёташро ошкорона ва зуд–зуд изҳор намояд. Бисёри мардон бошанд, мекӯшанд, ки барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ проблемаро ба зудӣ ҳал кунанд ва аз гапҳои баҳснок канорагирӣ намоянд. Пас, чӣ тавр шумо байни ин фарқиятҳо «кӯпруке» сохта бо зан ё шавҳаратон муошират карда метавонед?
Чун «як шахси бемулоҳиза» рафтор накунед. 
Албатта, ҳамаи ин маслиҳатҳо барои занону шавхароне, ки дар ақди никоҳи давлатӣ ҳастанд. Агар онҳо дар оила нисбати ҳамдигар чунин рафтор кунанд, пас оилаҳо хушбахт мегарданд. Ва онҳо набояд дар бораи зан (ё шавҳари) дуюм ва сеюм фикр кунанд.
Як панде ба ёдам омад. "Пас, чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр кунед". Чунки ба худи шумо маъқул нест ку, ки байнатон боз зани сеюм дахолат мекунад. Пас чаро аз аввал шумо ба ҳаёти марди зандор дахолат кардед? Ҳоло бошад, шумо меваи талхи онро чашида истодаед.
Шояд мард шуморо фиреб доду ба домаш афтодед? Акнун бояд дар аввал бо худи мард ошкоро масъаларо муҳокима кунед, ки чӣ тавр дар оянда зист мекунед. Чӣ хел фарзандонро бе вай калон мекунед ва ҳоказо.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.