Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Ман ба наздики хохари худамро аз даст додам, дар синни ноболиғи бо интихоби худаш аз ҳаёт маҳрум шуд. Ба ман дигар ягончӣ маъно накардест, яъне чанд руз мешавад, ҳамчун бе ҳиссиёт зиндагӣ мекунам. Намедонам чихел боқимондаи умрамро паси сар мекунам. Ҳарборе ба ёдам меояд. Бе ягон сабаб, бе ягон гуноҳ ба ҳамин роҳ рафт. Худамро намедонам гунаҳкор мекунам ки ака шуда ягона хоҳарамро эҳтиёт карда натавонистам. Чи кор кунам, ба кӣ гуям, намедонам.

Ассалом
Бародари гиромӣ, шумо худатонро айбдор накунед.
Вақте ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавед, принсипҳои зеринро ба кор баред, шумо ва оилаатон ҳатто вазъиятҳои душвортаринро паси сар карда метавонед.
1. Дар дуо кӯмак пурсед, то орому солимфикр монед
Ҳамаи имкониятҳои беҳтарине, ки ба шумо дастрасанд, истифода баред
2. Ба худатон ва оилаатон ғамхорӣ намоед
«Дили оқил дониш пайдо мекунад, ва гӯши хирадмандон толиби дониш аст». Оиди ин ё он масъала маълумоти пурра ҷамъ кунед ва дигар омилҳоро ба назар гиред. Муайян кунед, ки ҳар як аъзои оилаатон ба чӣ ниёз доранд. Бо онҳо сӯҳбат намуда, ба суханонашон таваҷҷӯҳ кунед.

Шумо шахси наздикатонро аз даст додед, дар чунин ҳолат чӣ бояд кард? Аз нишон додани ҳиссиётатон шарм накунед. Ҳамчунин ба таври кофӣ дам гирифтан ва аз хоб сер шудан муҳим аст.  Ба туфайли ин дар вазъиятҳои нохуш истодагарӣ кардан осонтар мешавад.
Чунин карда метавонед:
Бигзор муошират бо аъзоёни оилаатон то сар задани нохушӣ барои шумо одат шавад. Он гоҳ ҳангоми ба миён омадани душвориҳо, онҳо бо шумо бемалол гап мезананд
Бо шахсоне ки ба чунин вазъият дучор шудаанд, сӯҳбат кунед
3. Дастгирии лозимаро қабул кунед
«Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад».  Дӯстонатон ба шумо ёрӣ додан мехоҳанд, лекин онҳо шояд намедонанд, ки чӣ тавр инро кунанд. Аз гуфтани он ки шумо дар асл ба чӣ ниёз доред, худдорӣ накунед. Ҳамчунин аз шахсон кӯмаки равониву рӯҳонӣ пурсед.
Вақте ки шумо ба онҳое, ки барои рӯҳбаландшавӣ ниёз доранд, мадад мерасонед, пас худатон аз ин тасалло хоҳед ёфт. Ҳамеша ба онҳое, ки мӯҳтоҷанд мадад расонед ва худро аз касоне ки шуморо дӯст дошта, ғамхорӣ мекунанд, дур нагиред.
Шумо чунин карда метавонед:
Ба дӯсти наздики худ дилатонро холӣ кунед ва кӯмаки ӯро рад накунед
Аниқ ва ошкоро дар бораи ниёзҳоятон гап занед
Ҳамаи ҷонибҳои вазъиятро бинед
Агар вазъияти тағйирёфта натиҷаҳои мехостагиатонро ба бор наоварад, умедро аз даст надиҳед. Чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд "дунё ба умед аст".
Ҳоло бошад, дар бораи депрессияи ҷавонон каме маълумот медиҳем.
Депрессия. Чӣ тавр ҷавононро аз чанголи он халос кунем?
ДУХТАРЕ бо номи Анора (номҳо иваз карда шуданд) мегӯяд: «Вақте ман депрессия мешавам, ба ягон кор хоҳиш надорам, ҳатто ба он корҳое, ки пештар бо ҷону дил мекардам. Дар чунин вақтҳо ман худро як бори зиёдативу нодаркор ҳис мекунам ва фикр мекунам, ки ягон кас маро дӯст намедорад».
Ҷавондухтари дигаре бо номи Ҷамила ба хотир меорад: «Ман дар фикри худкушӣ будам. Гап дар сари он набуд, ки ман мурдан мехостам. Не, ман фақат мехостам, ки аз ин ҳолат халос шавам. Ман, одатан, одами бепарво нестам. Лекин вақте депрессия мешавам, парвои ягон касу ягон чизро надорам».
Анора  ва Ҷамила якум бор дар синни наврасиашон гирифтори депрессия шуданд. Баъзе ҷавонон фақат вақт аз вақт худро зиқу рӯҳафтода ҳис мекунанд. Депрессияи Анора ва Ҷамила бошад, ҳафтаҳо ё моҳҳо давом мекунад. Анора мегӯяд: «Ин монанди он аст, ки шахс ба чоҳи чуқуру торике афтодааст ва аз он баромада намешавад. Ту гӯё дигар худат нестӣ, гӯё девона мешавӣ».
Ҳолате, ки Анора ва Ҷамила аз сар мегузаронанд, як чизи нав нест. Депрессия дар байни ҷавонон рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ депрессия «сабаби асосии беморӣ ва нотобии писарону духтарони аз 10 то 19-сола» мебошад.
Нишонаҳои депрессия метавонанд дар синни наврасӣ маълум шаванд. Масалан, дар реҷаи хоб, иштиҳо ва вазни ҷавон дигаргунӣ пайдо мешавад. Ӯ зиқу ноумед мешавад ва худро нодаркор ҳис мекунад. Ҳамчунин шахс метавонад камгап, одамгурез ва хотирпарешон шавад. Ба сари одам фикри худкушӣ меояд ва ё ҳатто ин корро карданӣ мешавад. Дигар нишонаҳои онро аз рӯи илми тиб фаҳмонда намешавад. Вақте мутахассисон мехоҳанд фаҳманд, ки оё одам депрессия дорад ё не, онҳо яку якбора ба якчанд нишонаҳо диққат медиҳанд. Онҳо ба нишонаҳое диққат медиҳанд, ки муддати якчанд ҳафта давом доранд ва реҷаи пештараи шахсро вайрон мекунанд.
ЧӢ САБАБИ ДЕПРЕССИЯИ ҶАВОНОН ШУДА МЕТАВОНАД?
Ба гуфти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ якчанд чиз дар якҷоягӣ сабаби депрессия шуда метавонад, масалан ғаму ташвиш, муносибати дигар одамон ба шахс, беморӣ ва ғайра. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем.
Беморӣ ё чизи дигар.
Сабаби депрессия баъзан ирсият шуда метавонад, яъне аз падару модар мерос гирифтани чизе. Генҳои шахс метавонанд ба равандҳои химиявии майнаи сар таъсир расонанд. Ҷамила ҳам аз ҳамин сабаб депрессия шуда буд. Баъзе сабабҳои дигар бемориҳои рагу дил, тағйир ёфтани дараҷаи ҳормонҳо ё муддати дароз суиистифода кардан аз доруворӣ мебошад. Баъзе доруворӣ метавонад депрессияро бадтар кунад ва ё ҳатто онро ба вуҷуд орад.
Ғаму ташвиш.
Албатта, каму беш ташвиш кашидан фоида дорад. Лекин, агар шахс муддати дурудароз дар ғаму ташвиш бошад, ин ба бадан ва майнаи сари ӯ зарар расонда метавонад. Навҷавон бе ин ҳам аз сабаби таъсири ҳормонҳо нозук аст. Барои ҳамин ғаму ташвиши зиёдатӣ ӯро ба депрессия гирифтор карда метавонад. Аммо сабабҳои аниқи пайдо шудани депрессия маълум нестанд ва, чи хеле ки дар боло гуфтем, сабабаш яку якбора якчанд чиз буда метавонад.
Ҷудошавии падару модар, марги шахси наздик, зӯроварӣ, таҷовуз, ягон нохушӣ, беморӣ — ҳамаи ин чизҳо сабаби ғаму ташвиш мешаванд, ки онҳо ба депрессия оварда мерасонанд. Ба чунин чизҳо сустхонӣ ҳам дохил мешавад, хусусан, агар талаба барои сустхониаш худро нодаркор ҳис кунад. Боз баъзан сабаби депрессия падару модари навҷавон шуда метавонанд. Онҳо аз фарзандонашон чизи аз ҳад зиёдро интизоранд, масалан дар масъалаи хониш.
Ҳамчунин сабаби депрессия мазоҳу масхара, хавотирӣ аз оянда, гирифтори депрессия будани падар ё модар буда метавонад. Баъзе ҷавононро рафтори падару модарашон ба депрессия гирифтор мекунад, чунки шояд онҳо як дам ин хел рафтор мекунанд, як дам дигар хел ва ҷавон намедонад дафъаи дигар аз онҳо чиро интизор шавад. Пас, чӣ тавр ҷавононро аз чанголи депрессия халос кунем?
АҚЛУ ТАНИ ХУДРО СОЛИМ НИГОҲ ДОРЕД
Депрессияи мӯътадил ва сахтро, одатан, бо ёрии дорую дармон, бо маслиҳати мутахассиси ин соҳа табобат мекунанд. Беҳуда барҳақ нагуфтаанд: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд». Майнаи сар ҳам узви бадани мост ва ҳангоми бемор шудани узви дигарамон, майнаи сар ҳам зарар мебинад. Барои ҳамин шахсе, ки депрессия мешавад, бояд машқ кунад ва бисёр ҳаракат кунад.
Агар шумо гирифтори депрессия шуда бошед, аз пайи саломатиатон шавед. Кӯшиш кунед, ки хӯроки фоиданок хӯред, дар вақташ хоб равед ва машқ кунед. Вақте одам машқ мекунад, баданаш моддаҳои химиявие ҷудо мекунад, ки ӯро хушҳол мекунанд, қувват мебахшанд. Агар мо машқ кунем, хобамон нағз мебарад. Агар мумкин бошад, кӯшиш кунед фаҳмед, ки чӣ шуморо зиқ мекунад ва нишонаҳои аввали депрессияро пай баред. Баъд нақша тартиб диҳед, ки чӣ кор мекунед. Дилатонро ба касе, ки ба ӯ бовар доред, холӣ кунед. Бо ёрии аъзоёни оила ва дӯстони меҳрубон ба шумо бо депрессия мубориза бурдан осонтар мешавад. Шояд ҳатто баъзе нишонаҳои депрессия гум шаванд. Фикру ҳиссиётатонро дар рӯзномаатон нависед.
Маълум аст, ки чӣ тавр тарбияамон, воқеаҳои ҳаётамон, хулқу хӯе, ки аз падару модар мерос гирифтаем, ба ҷаҳонбинӣ ва фикррониамон таъсир мерасонад. Барои ҳамин Ӯ ба таври беҳтарин моро тасаллӣ ва ёрдам дода метавонад. Баъзан одамони меҳрубону ҳамдард ба мо дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Сад хел беморӣ, доруворӣ ва нашъа ба кайфияти инсон таъсир расонда метавонанд. Ин чизҳо халал мерасонанд, ки ба бемор диагнози аниқи тиббӣ гузошта шавад.
Барои падару модар
Ба назар гиред, ки барои наврасону ҷавонон фикру ҳиссиёти худро фаҳмондан душвор аст. Фарзандатон мумкин намефаҳмад, ки бо ӯ чӣ рӯй дода истодааст ва нишонаҳои депрессияро дар худаш пай намебарад. Нишонаҳои депрессияи наврасону ҷавонон аз калонсолон фарқ мекунад. Барои ҳамин ба фарзандатон диққат диҳед, ки оё одатҳо ё муносибаташ бо одамон дигар шудааст ва ё дар хӯрокхӯрӣ, кайфият ё хобаш ягон тағйирот ҳаст ё не. Агар ин тағйиротҳо якчанд ҳафта давом кунанд, пас ин чизи ҷиддист. Агар фарзандатон дар бораи худкушӣ ягон чиз гӯяд ва ё пай баред, ки ӯ дар ин бора фикр мекунад, бепарво набошед. Агар фикр кунед, ки фарзандатон депрессия шудааст, ба мутахассис муроҷиат кунед (маҳз депрессия, зиқӣ не). Ба фарзанди наврасатон ёрдам кунед, ки табобати гуфтаи духтурро ба ҷо орад. Агар вазъият беҳтар нашавад ва ё аз будаш бадтар шавад, духтурро хабардор кунед. Бо оилаатон дар як вақт хӯрок хӯред, машқ кунед ва хоб равед. Бо фарзандатон муносибати наздик дошта бошед ва ба вай ёрдам кунед, ки бо оқибатҳои бади депрессия мубориза барад. Одаме, ки депрессия мешавад, худро гунаҳкор, танҳо ва нодаркор ҳис мекунад. Барои ҳамин гаштаву баргашта ба фарзандатон фаҳмонед, ки ӯро дӯст медоред.
Гӯшаи ғамбарор
Агар шумо гирифтори депрессия бошед, барои худ «гӯша»-и ёрии аввал тартиб диҳед. Дар он барои мисол чизҳоеро, ки дар ин ҷо оварда шудаанд, дохил кардан мумкин:
Рақами телефони шахсонеро, ки дар вақти рӯҳафтодагӣ ба онҳо занг зада метавонед
Сурудҳое, ки шуморо хушҳол месозанд
Зарбулмасал, мақол, сухан ва ё ягон мақолае, ки ба шумо қувват мебахшанд
Сурати касоне, ки шуморо дӯст медоранд
Дафтаре, ки дар он хотираҳои ширин ва фикрҳои тасаллибахш навишта шудаанд
Депрессия ва духтарони наврас
Духтарони наврас аз писарон дида бештар депрессия мешаванд. Барои чӣ? Як сабабаш таъсири мазоҳу масхара, гаппартоӣ, зӯроварӣ, зӯроварии ҷинсӣ ва ё таҷовуз мебошад. Ба гуфти маслиҳатчӣ (консултант) Шэрон Ҳерш, духтарон табиатан нозук ва беҷуръатанд. Шахсияти наврас ҳоло пурра шакл наёфтааст, барои ҳамин вақте бо бесарусомонии ин дунё рӯ ба рӯ мешавад, ин ба вай таъсири бад мерасонад. Ҳамчунин бисёр духтарон дар орзуи бадани «намунавӣ» ҳастанд, ки ин хаёли хомро ба сари онҳо телевизион ҷойгир кардааст. Вақте духтарон худашонро безеб ҳисоб мекунанд ва ё аз ҳад зиёд ба фикру ақидаи ҳамсолонашон аҳамият медиҳанд, луқмаи тайёри депрессия мешаванд.

Барои саволу ҷавоби иловагӣ метавонед ба рақами WhatsApp - ман нависед:
+992 935039886


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.