Салом хоҳари азиз.
Афсӯс ки дар дунёи нотинҷу ноором зиндагӣ карда мо бо бисёр фишорҳо рӯ ба рӯ мешавем. Ва чи хеле ки лангари ба об партофташуда намегузорад, ки киштӣ ба пеш ҳаракат кунад, ҳамон тавр фишори ин ҷаҳон моро ба ақиб мекашад ё зиқу рӯҳафтода мекунад. Чӣ хеле ки мегӯянд "Ғусса дили одамро хаста мекунад, Гапи нағз бошад, дилро мебардорад". Ба зиқиву ноумедии шумо чӣ сабаб шуда метавонад? Дар натиҷаи ҳар гуна душвориҳои эмотсионалӣ шумо беқувват шуда, ҳатто хурсандиро гум карда метавонед.
Пеш аз ҳама ҳамкорӣ дар оила бошад.
Хоҳарҷон, медонед, одамони қадим зиндагии моро ҳамеша ба сафар муқоиса мекарданд. Аммо агар шумо дар ин бора бодиққат фикр кунед, оё шумо мехостед дар давоми сафар тасвирҳои ғамгинро бубинед? Ин ба шумо вобаста аст. Хушбахтии шахсии шумо аз қарори шумо вобаста аст. Агар, аққалан шумо барои оила ҳар кори неки аз дастатон меомадаро кунед, ҳам шумо ва фарзандонатон хушбахт мешавед. Ва ин кӯшишҳоятонро Худо албатта баракат медиҳад. Хирадмандон фармуданд, ки «Он чӣ одам мекорад, ҳамонро медаравад.» Ин маънои он дорад, ки касе дар некӣ корад, некиро хоҳад даравид. Барои ҳамин, шумо офарин, ки ҳар коре хуби аз дастатон меомадаро мекунед. Медонед, ки Офаридгорамон мехоҳад, ки мо ҳам дар оянда хушбахт бошем ва ҳатто ҳозир хушбахту хурсанд бошем. Ӯ эътимоди қавӣ мебахшад, ки ҳар як одам метавонад хушбахт бошад.
Зану шавҳар бояд чун як команда якдилона амал кунанд. Онҳо мисли лётчики якум ва дуюми ҳавопаймо бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳатто вақте мушкилиҳо сар мезананд, ҳар як ҳамсар бояд на фақат дар бораи худаш, балки дар бораи ҳардуяшон фикр кунад. Чунки «Онҳо акнун ду тан неву як тан мебошанд». Издивоҷ ин яккахонӣ нест, балки дуэт мебошад. Барои он ки оила мустаҳкам бошад, ҳамсарон бояд чун як команда амал кунанд.
Чаро ҳамкорӣ муҳим аст? Ҳамсароне, ки якдилу ҳамфикр нестанд, дар вақти ба миён омадани душворӣ, ба ҷойи бо ҳам ҳал кардани он, ба якдигар ҳамла мекунанд. Дар натиҷа мушкилии ночиз ба проблемаҳои калон табдил ёфта метавонад.
"Кадоме аз шумо ташвиш кашида умри худро ақаллан каме дароз карда метавонад?"
Дар издивоҷ ба ҳамсарон ҳис кардани дастгирии якдигар хеле муҳим аст. Вагарна, онҳо ба ҳамсоягоне монанд мешаванд, ки ҳамроҳ зиндагӣ мекунанду дар вақти рӯй додани масъалаи ҷиддӣ, ҳар яке фикри худро мекунад.
Худатонро тафтиш кунед
Оё ман маошамро танҳо пулҳои худам меҳисобам?
Барои нағз дам гирифтан оё ба ман лозим аст, ки аз ҳамсарам алоҳида бошам?
Оё ман аз муошират бо хешовандони шавҳарам дурӣ меҷӯям, ҳатто агар муносибати вай бо онҳо хуб бошад?
Бо ҳамсаратон якҷоя муҳокима кунед
Аз кадом ҷиҳатҳо ба мо чун як команда амал кардан осон аст?
Дар кадом ҷонибҳои зиндагӣ мо бояд хубтар ҳамкорӣ кунем?
Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз як гиребон сар барорем?
Монанди варзишгароне набошед, ки дар майдони теннис дар ду тарафи муқобил истода бозӣ мекунанд, балки кӯшиш кунед, ки ҳардуятон чун аъзои як команда бошед.
«Чӣ хел ман ғолиб оям?» гуфта нею «Чӣ хел мо ғолиб оем?» гуфта фикр кунед.
Ҳеҷ гоҳ баҳс накунед, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Беҳтараш дар бораи тинҷию оромии оилаатон фикр кунед, чунки ин муҳимтар аст.
«На танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед».
Хоҳарҷон, шавҳари худро чуқур эҳтиром кунед. Қарорҳои ӯро дастгирӣ намуда, аз таҳти дил бо ӯ ҳамкорӣ кунед. Вақте ки чунин амал мекунед, шумо дар назари Худо ва шавҳаратон зебову ҷолиб хоҳед буд.
Аз ҳамсаратон пурсед, ки барои шавҳар ё зани хуб шудан, ба шумо аз кадом ҷиҳат беҳтар гаштан лозим аст. Ҷавобашро бодиққат гӯш кунед ва барои беҳтар гаштан ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед
Пуртоқат бошед. Барои хушбахт кардани якдигарро ёд гирифтан, ба ҳардуятон ҳам вақт лозим аст.
Бо эҳтиром Ризвона.