Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом малекум ма мехостам инро пурсам Ки ма духтари хона метавонам ба зандор ба шавхар бароям ,лекин хухукхои зани авал зери по нахохад шуд

Салом хоҳарҷон
Аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ одамон набояд ба «бадахлоқии ҷинсӣ» даст зананд. «Бадахлоқии ҷинсӣ» гуфта зино, ҳамҷинсбозӣ ва алоқаи ҷинсӣ байни марду зане, ки дар издивоҷ нестанд, дар назар дошта шудааст.
Чаро издивоҷ муҳим аст?  Оё барои якдигарро хуб шинохтан, пеш аз издивоҷ якҷоя зиндагӣ кардан мумкин аст?
Чӣ тавр ҳамсарон пайванди издивоҷашонро қавӣ гардонда метавонанд?
Издивоҷ аз тарафи Худо мебошад. Вақте Худо аввалин ҷуфти инсонро офарид, асосгузори оила гашт. Барои ҳамин хости Худо буд, ки марду зан дар издивоҷ зиндагӣ кунанд.
Танҳо асосгузор беҳтар медонад, ки чӣ бар манфиати мост. Ӯ барои он издивоҷро барпо кард, ки марду зан як умр бо ҳам зиндагӣ кунанд. Ин бар манфиати аҳли оила буда, онҳоро муҳофизат мекунад. Мисоле меорем. Масалан, истеҳсолкунанда барои дуруст часпондани мебел дастурот медиҳад. Ба ин монанд, дастурот кӯмак мекунад, ки муносибати аъзои оила наздик бошад. Агар одам аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ зиндагӣ кунад, фоидаашро мебинад.
Истеҳсолкунанда барои дуруст часпондани мебел дастурот медиҳад. Ба ин монанд дастуроти Худованд кӯмак мекунад, ки оилаи хуб бунёд кунӣ.
Алоқаи ҷинсӣ берун аз издивоҷ оқибати талх дорад. Масалан он метавонад боиси ҳомиладорӣ, бемориҳои сироятӣ ва ранҷу азобҳои равонӣ гардад.
Худо ба одамизод қобилият додааст, ки фарзанд ба дунё биёрад. Ҳаёт муқаддас аст. Қобилияти ба дунё овардани фарзанд ин атои бебаҳо аст. Мо нисбати издивоҷ эҳтиром зоҳир карда, ин атои бебаҳоро қадр кунем.
Оё барои якдигарро хуб шинохтан, пеш аз издивоҷ якҷоя зиндагӣ кардан мумкин аст?
Барои издивоҷи хуб бунёд кардан, шарт нест, ки муддате бе ягон масъулият бо ҳам зиндагӣ кунӣ. Баръакс пайванди издивоҷ ҳамон вақт мустаҳкам мегардад, ки агар ҷуфт ба якдигар вафодор бошад ва барои бартараф кардани проблемаҳои зиндагӣ ҳамкорӣ кунад. Ҳамин тавр, дар издивоҷ садоқатмандии ҳамсарон қавитар мегардад.
Чӣ тавр ҳамсарон пайванди издивоҷашонро қавӣ гардонда метавонанд?
Ягон издивоҷ бекамбудӣ намешавад. Вале, агар ҳамсарон маслиҳатҳоро ба кор баранд, издивоҷашон муваффақ мегардад. Баъзе аз маслиҳатҳо:
Назар ба ниёзҳои худ ба ниёзҳои ҳамсаратон бештар ғамхорӣ кунед.
Якдигарро дӯст доред ва ҳурмат кунед.
Бо гуфторатон дили ҳамсари худро наранҷонед.
Пуртоқат ва бахшанда бошед.
Пас агар, хоҳарҷон, пайванди издивоҷ қонунӣ бошад, дар ин ҳолат шумо аз рӯи меъёрҳои ахлоқиву Худодод хушбахт шуда метавонед. Шумо метавонед ҳиссиёти зани аввалро тасаввур кунед.
Хоҳарҷон, тасаввур кунед, ки вақте ҳамсар хиёнат мекунад. Зани ҷавоне мегӯяд:
«Вақте шавҳарам гуфт, ки маро партофта зани ҷавонтаре мегирад, мурдан хостам. Ин ба назарам беинсофӣ менамуд, охир, ман ба хотири ӯ шуда аз баҳри чӣ қадар чиз баромада будам».
Марде мегӯяд:
«Вақте занам баногоҳ маро партофта рафт, банди дилам канда шуд. Ҳамаи умеду орзу ва нақшаҳоямон барбод рафт. Баъзан фикр мекардам, ки ташвишу ошуфтагиям гум шуд, вале баъдтар боз ба доми афсурдаҳолӣ меафтидам».
ХИЁНАТИ ҳамсар дарди ҷонгудоз меорад. Албатта, баъзеҳо қарор мекунанд, ки ҳамсари тавбакардаи худро мебахшанд ва оилаашонро барқарор мекунанд. Лекин вазъият чӣ хеле ранг нагирад, шахсе, ки бо хиёнати ҳамсараш рӯ ба рӯ шудааст, сахт азоб мекашад. Ба чунин дарди ҷонкоҳ чӣ хел тоб овардан мумкин?
Бо эҳтиром, Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.