Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом мӯҳтарам устод. Он ҷиҳатҳои ҳамсарам, ки аз ман фарқ мекунанд, ба ҳаёти оилавии мо чӣ гуна таъсири хуб мерасонад? Барои чӣ хоҳиши ҳамсарамро аз хоҳиши худ боло гузорам? Агар мумкин бошад, мисолҳо катӣ мефаҳмондед. Ташаккури зиёд.

Салом Муноҷот
Пеш аз ҳама гуфтаниям, ки бо ҳамдигар бо эҳтиром муносибат намоед.
Анвар мегӯяд: «Вақте ки Розия хафа аст, вай дурудароз гиря мекунад. Вақте ки мо проблемаро якҷоя муҳокима карданӣ мешавем, вай асабӣ мешавад ва ҳатто бо ман гап намезанад. Ба назар чунин метобад, ки ҳеҷ чиз ёрдам дода наметавонад. Ва хоҳиши ӯро ором кардан аз ман гум мешавад».
Розия мегӯяд: «Вақте ки Анвар ба хона омад, ман гиря мекардам. Ман ба ӯ фаҳмонданӣ шудам, ки барои чӣ хафа ҳастам, вале ӯ гапи маро бурид. Вай ба ман гуфт, ки ин кирои гап нест ва ман бояд инро фаромӯш кунам. Аз ин рафтори ӯ ман боз ҳам зиёдтар хафа шудам».
ОЁ ШУМО худро ягон бор монанди Анвар ё Розия ҳис кардаед? Ҳар дуи онҳо бо якдигар муошират кардан мехоҳанд, вале зуд–зуд асабонӣ мешаванд. Барои чӣ?
Мард ва зан бо тарзҳои гуногун муошират мекунанд ва ниёзҳои гуногун доранд. Зан шояд сахт мехоҳад, ки ҳиссиёташро ошкорона ва зуд–зуд изҳор намояд. Бисёри мардон бошанд, мекӯшанд, ки барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ проблемаро ба зудӣ ҳал кунанд ва аз гапҳои баҳснок канорагирӣ намоянд. Пас, чӣ тавр шумо байни ин фарқиятҳо «кӯпруке» сохта бо зан ё шавҳаратон муошират карда метавонед? — Агар бо ҳамсаратон эҳтиромона муносибат кунед.
Шахсе, ки дигаронро эҳтиром мекунад, онҳоро қадр мекунад ва мекӯшад, ки ҳиссиёташонро фаҳмад. Шояд ба шумо аз хурдӣ ёд додаанд, ки одамони синну солашон калонтар ё ҳокимияти зиёдтар доштаро эҳтиром кунед. Вале дар ҳаёти оилавӣ душворӣ дар он аст, ки шумо бояд ба шахсе ки бо шумо қариб дар як сатҳ меистад — ба ҳамсаратон эҳтиром зоҳир кунед. «Ман медонистам, ки Фаррух ҳамаи онҳоеро, ки бо ӯ сӯҳбат мекунанд, босаброна ва бо ҳамдардӣ гӯш мекунад»,— мегӯяд Лола, ки ҳашт сол боз оиладор аст. «Ман фақат онро мехостам, ки ӯ бо ман ҳам ҳамин хел муносибат кунад». Шояд шумо дӯстонатон ва ҳатто одамони бегонаро босаброна ва эҳтиромона гӯш кунед. Вале оё ҳамсаратонро низ айнан ҳамин хел гӯш мекунед?
Беҳурматӣ дар оила вазъиятро тезу тунд мекунад ва ба ҷангу ҷанҷол оварда мерасонад. Подшоҳи хирадманде гуфта буд: «Як бурда нони қоқ бо осоиштагӣ беҳ аз хонаи пур аз гӯшти қурбониҳо, ки серҷанҷол бошад». Зан ҳам «шавҳари худро бояд эҳтиром намояд».
Чӣ тавр шумо бо ҳамсаратон боэҳтиромона муошират карда метавонед?
Вақте ки ҳамсаратон ба шумо чизе гуфтан мехоҳад
Муноҷот, бисёр одамон аз шунидан дида гап заданро бештар нағз мебинанд. Оё шумо ҳам яке аз онҳоед? Донишмагдрн фармудаанд, ки "Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст". Пас, пеш аз гап задан аввал гӯш кунед. Барои чӣ? «Ба ман маъқул нест, вақте ки шавҳарам проблемаи маро дарҳол ҳал карданӣ мешавад»,— мегӯяд Каромат, ки 26 сол боз оиладор аст. «Ҳатто шарт нест, ки ӯ бо ман розӣ бошад ё аз кадом сабаб пайдо шудани проблемаро аниқ кунад. Ман фақат мехоҳам, ки ӯ маро гӯш кунад ва ҳиссиёти маро фаҳмад».
Аз тарафи дигар, баъзе занон ва мардон ба зудӣ дили худро намекушоянд ва вақте ки ҳамсарашон онҳоро ба баён кардани ташвишҳояшон маҷбур мекунад, худро нороҳат ҳис мекунанд. Лайло, ки ба қарибӣ ба шавҳар баромадааст, дертар фаҳмид, ки шавҳари ӯ гапи дар дилаш бударо ба зудӣ намегӯяд. Вай қайд мекунад: «Ба ман лозим аст, ки пуртоқат бошам ва интизор шавам, ки кай ӯ дилашро мекушояд».
Як ҳалли проблема: Вақте ки ба шумову ҳамсаратон лозим аст, ки дар бораи ягон чизи баҳснок гап занед, проблемаро он вақт муҳокима кунед, ки ҳар дуятон ҳам оромед ва вазъият низ ором аст. Чӣ бояд кард агар ҳамсари шумо дилашро кушодан нахоҳад? Дар ёд доред, ки «андешаи дили одам обҳои чуқур аст, вале шахси хирадманд онҳоро мекашад». Агар шумо сатилро аз чоҳ хеле тез кашед, он гоҳ миқдори зиёди обро мерезонед. Ба ҳамин монанд, агар шумо ҳамсаратонро ба баён кардани ташвишаш маҷбур кунед, вай метавонад муқобилият кунад ва шумо шояд имконияти фаҳмидани андешаи дили вайро аз даст диҳед. Ба ҷои чунин рафтор кардан, сабаби ташвишашро аз ӯ бо меҳрубониву эҳтиром пурсед, ва агар ӯ дилашро ба зудӣ накушояд босабрӣ зоҳир кунед.
Вақте ки ҳамсаратон ба гап задан моил шуда дилашро мекушояд, «дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста» бошед. Шунавандаи хуб на фақат суханонро мешунавад, балки ҳамчунин ҳиссиётеро, ки дар паси он суханон истодаанд, мефаҳмад. Вақте ки ҳамсаратон гап мезанад, кӯшиш кунед, ки ҳиссиёти ӯро фаҳмед. Ҳамсари шумо аз тарзи гӯш кардани шумо ҳис мекунад, ки шумо ӯро чӣ қадар ҳурмат мекунед ё намекунед.
Вақте ки ҳамсари шумо гап мезанад, ба ин монанд рафтор кунед. Дар ёд доред, ки ӯ шояд аз шумо ҳамдардии самимӣ меҷӯяд, на ин ки ба зудӣ ҳал кардани проблемаро. Барои ҳамин вайро нағз гӯш кунед. Кӯшиш кунед, ки ҳиссиёти ӯро дар худ эҳсос кунед. Баъд, ва танҳо баъд, он суханонеро, ки ҳамсаратон ба он ниёз дорад, бигӯед. Бо ин роҳ шумо нишон медиҳед, ки ҳамсаратонро эҳтиром мекунед.
Ин дафъа вақте ки ҳамсаратон бо шумо гап заданӣ мешавад, аз хоҳиши зуд ҷавоб додан худдорӣ кунед. То даме ки ҳамсаратон гапашро тамом накунад ва шумо ба он сарфаҳм наравед, ҷавоб нагардонед. Баъдтар, ба наздаш рафта пурсед: «Оё ман туро нағз гӯш кардам ё аз тарафи ман ба ягон камбудӣ роҳ дода шуд?»
Вақте ки шумо ба ҳамсаратон чизе гуфтан мехоҳед
Проблема: «Барномаҳои ҳаҷвӣ чунин нишон медиҳанд, ки гӯё дар бораи ҳамсари худ гапҳои бад гуфтан ва ё ба ҳамсар гапҳои пастзанандаю пичингомез задан ягон ҷои бадӣ надорад»,— мегӯяд Лола. Баъзеҳо дар оилае калон шудаанд, ки ба якдигар беэҳтиромона гап задан чизи муқаррарӣ буд. Баъдтар вақте ки чунин шахсон калон шуда оиладор мешаванд, дар оилаи худашон низ аз ин одат дурӣ ҷустан душвор мегардад. Зане мегӯяд: «Ман дар муҳите калон шудаам, ки пичинг, додзанӣ ва лақаб мондан як чизи оддӣ буд».
Як ҳалли проблема: Вақте ки шумо ба дигарон дар бораи ҳамсаратон гап мезанед, «фақат сухани нек» гӯед, ки «барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад».  Дар бораи ҳамсаратон тарзе сухан гӯед, ки дар дигарон оиди ӯ таассуроти хубе боқӣ монад.
Ҳатто вақте ки шумо бо ҳамсаратон танҳо ҳастед, аз истифодаи гапҳои пичингомез ва лақабмонӣ канорагирӣ кунед. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Дар вақти бо ҳамсаратон гап задан, аввал нағз фикр карда баъд сухан гӯед. Фаррух, ки ҳашт сол боз оиладор аст, иқрор мешавад, ки байни ӯ ва занаш то ҳол ҳамдигарнофаҳмӣ ба миён меояд. Вай аҳамият додааст, ки баъзан он чизе ки вай мегӯяд, вазъиятро аз будаш бадтар месозад. «Ман ҳозир фаҳмидам, ки “ғолиб омадан” дар баҳс, дар асл маънои бой доданро дорад. Ман фаҳмидам, ки бо якдигар инкишоф додани муносибатҳои хуб қаноатмандиву фоидаи боз ҳам бештар меорад».
Ҳамроҳи ҳамсаратон вақт ҷудо карда, пурсед: «Вақте ки ман дар пеши одамон дар бораи ту гап мезанам, ту худро шахси пурарзиш ҳис мекунӣ ё шахси паст? Чӣ кор кунам, ки тарзи гапзаниамро беҳтар кунам?» Вақте ки ҳамсаратон ҳиссиёташро баён мекунад, ӯро пурра гӯш кунед. Кӯшиш кунед, ки пешниҳодҳои шунидаатонро ба кор баред.
Фарқиятҳоеро, ки байни шумову ҳамсаратон аст, қабул кунед
Проблема: Баъзе навхонадорон нодуруст чунин фикр мекунанд, ки ҳамсарон «як тан» нестанд. Баръакс, ин маънои онро дорад, ки фикру ақида ва хислату рафтори онҳо бояд якхела бошад. Лекин дере нагузашта онҳо мебинанд, ки чунин фикр кардан ғайривоқеӣ аст. Баъди оиладоршавӣ фарқиятҳои онҳо зуд–зуд сабаби баҳсу ҷанҷол мешаванд. Лола мегӯяд: «Як фарқияти калони байни мо дар он аст, ки Фаррух нисбат ба ман камтар ташвиш мекашад. Баъзан, агар ман дар бобати чизе ғам хӯрам, вай метавонад ба ин оромона нигарад ва кор бо он анҷом меёбад, ки ман ба хашм меоям, зеро гӯё вай ба чизе ки барои ман муҳим аст, бепарво аст».
Як ҳалли проблема: Ҳар яке якдигарро чӣ хеле ки ҳаст, ҳамон хел қабул кунед, ва ҷиҳатҳои фарқкунандаи якдигарро қадр кунед. Як мисол меорем: кори чашмони шумо аз кори гӯшҳоятон фарқ мекунад; вале онҳо бо ҳам тавре ҳамкорӣ мекунанд, ки шумо аз роҳ сиҳату саломат гузашта метавонед. Азиза, ки қариб сӣ сол боз шавҳардор аст, мегӯяд: «Фикрҳои ману шавҳарам аз фикрҳои гуногун доштани якдигар ба ташвиш намеоем. Охир, мо оиладор шудаем, на ин ки копияи якдигар».
Муноҷот, вақте ки ба ягон чиз фикр ё муносибати ҳамсаратон аз шумо фарқ кунад, фақат дар бораи худатон фикр накунед. Ба ҳиссиёти ҳамсаратон аҳамият диҳед. Шавҳари Азиза, Комил, иқрор мешавад: «Ман на ҳамеша фикри занамро мефаҳмам ё бо он розӣ ҳастам. Вале ман ба худ хотиррасон мекунам, ки вайро аз фикри шахсиам дида бисёртар дӯст медорам. Вақте ки ӯ хурсанд аст, ман ҳам дар асл хурсандам».
Як варақро гирифта дар он нависед, ки масалан, дар кадом мавридҳо ҳамсаратон нисбат ба шумо нуқтаи назари беҳтар дорад ё проблемаро ба таври беҳтар ҳал мекунад.
Муноҷот, эҳтиром ба якдигар яке аз калидҳоест, ки ҳаёти оилавиро хушбахт ва бардавом мегардонад. Эҳтиром ба оила ҳисси қаноатмандӣ ва бехатарӣ мебахшад. Ин хислатро инкишоф додан дар ҳақиқат саъю кӯшиш металабад.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.