Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллимаҷон. Чӣ хел кунем, ки дар тарбияи кӯдакон намунаи ибрат бошем?

Ассалам Ҳошим
Намунаи ибрат. Вақте волидон аз рӯйи чизҳое, ки ба фарзандон ёд медиҳанд, зиндагӣ мекунанд, ба онҳо намунаи хуб нишон медиҳанд. Масалан, шумо ба писаратон мегӯед, ки ҳама вақт ростқавл бошад. Лекин худатон ба раиси корхонаатон дар телефон мегӯед, ки касал шудаед, ҳол он ки фақат истироҳат кардан мехоҳед. Оё баъд писаратон ростгӯ мешавад?
Баъзеҳо мегӯянд: “Гуфтаамро куну кардаамро накун”. Лекин дар тарбияи кӯдакон ин гуфтаҳо кор намеоянд. Чуноне ки пахта обро ҷаббида мегирад, кӯдакон ҳама сухану рафтори моро ба худ “ҷаббида” мегиранд ва вақте ки гапамон аз корамон фарқ мекунад, даррав инро пай мебаранд.
“Дуздӣ накун” мегӯиву худат дуздӣ мекунӣ?"
Барои чӣ намунаи ибрат будан муҳим аст?
Ба кӯдакон ва наврасон аз волидонашон дида касе бештар таъсир расонда наметавонад, ҳатто ҳамсолонашон. Пас, шумо имконияти зиёдтар доред, ки фарзандонатонро ба роҳи рост ҳидоят кунед. Ва ин ба шумо ба шарте муяссар мегардад, агар худатон мувофиқи чизҳое, ки аз онҳо талаб доред, рафтор кунед.
Баъзан як чизро сад бор такрор мекунем ва чунин метобад, ки кӯдак гӯё намешунавад, вале агар як бор худамон аз рӯйи гуфти худ амал накунем, бача инро зуд пай мебарад. Кӯдакон ба ҳама чизе ки мо мекунем, аҳамият медиҳанд, ҳатто мо фикр кунем, ки онҳо моро намебинанд.
«Хираде, ки аз болост... дурӯя нест».
Ҳошим, рафтори худро тафтиш кунед. Кадом намуди филмҳоро шумо тамошо мекунед? Бо ҳамсар ва фарзандонатон чӣ тавр муомила мекунед? Бо чӣ хел одамон дӯстӣ доред? Оё шумо дар бораи дигарон ғамхорӣ мекунед? Хулоса, оё худи шумо чунин шахсе ҳастед, ки мехоҳед кӯдакатон шавад?
Ману шавҳарам аз фарзандонамон чизеро, ки худамон намекунем, талаб наменамоем.
Бахшиш пурсед. Кӯдакони шумо бе ин ҳам медонанд, ки шумо нокомилед. Лекин дар вақти лозима аз ҳамсар ва фарзандонатон бахшиш пурсида шумо дар ростқавлӣ ва эҳтиром кардани дигарон намунаи ибрат нишон медиҳед.
Хуб мебуд, ки фарзандонамон бахшиш пурсидани мо ва ба хатоямон иқрор шуданамонро шунаванд.  чунин накунем, онҳо ёд намегиранд, ки хатои худро ба калла гиранд.
Ҳошим, волидон ба фарзандони худ таъсири калонтарин мерасонанд. Ба онҳо намунаи ибрат будан дар тарбия нақши асосӣ мебозад, чунки онҳо ҳама вақт инро мебинанд. Ин гӯё китобест, ки ҳамеша кушода аст, дарсест, ки доимо меомӯзанд.
--


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.