Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллима. Як чӣ пурсам. Чӣ хел ҳамсар ёбам? Дар ин ҳолат чӣ кор карда метавонам? Фақат хонангиҳо меган зан гир.

Салом Улуғбек

Чаро пеш аз пешниҳоди мулоқот хуб аст, ки касеро муддате мушоҳида кунед? Чӣ тавр аҳли байт муҷаррадеро, ки оиладор шудан мехоҳанд, дастгирӣ карда метавонанд?

"Кист, ки зани некукорро биёбад? Баҳои вай аз марҷон гаронтар аст". Биёед мебинем, ки аз рӯйи чӣ ҳамсари хубро ёфтан мумкин аст. Мо ҳамчунин мебинем, ки чӣ тавр аҳли шиносону хешон ба касоне, ки дар ҷустуҷӯйи ҳамсаранд, кумак карда метавонанд.

Бисёриҳо хоҳ ҷавон бошанд, хоҳ калонсол, мехоҳанд хонадор шаванд. Албатта, пеш аз сар кардани мулоқот шумо бояд аз ҷиҳати пулӣ, рӯҳонӣ ва равонӣ барои оиладорӣ тайёр бошед. Он гоҳ зиндагии шумо бо ҳамсаратон хушбахттар мешавад.Аммо ҳамсари хубро ёфтан кори осон нест. Ҳатто вақте шумо ягон касеро меёбед, ки ӯро беҳтар шинохтан мехоҳед, мулоқотро сар кардан бароятон душвор буда метавонад.

Агар шумо оиладор шудан хоҳед, пеш аз сар кардани мулоқот бояд донед, ки ҳамсари табъи дилатон бояд чӣ гуна сифатҳо дошта бошад. Дар акси ҳол шумо бо касе вохӯриро сар карда метавонед, ки бароятон зан ё шӯйи мувофиқ намешавад. Аз ин рӯ аз худ пурсед: «Ман дар зиндагӣ кадом мақсадҳо дорам? Кадом сифатҳоро ман дар ҳамсари ояндаам қадр мекунам? Оё ман аз ҳамсари ояндаам чизҳои воқеиро интизорам?».

Пеш аз пешниҳоди мулоқот чаро нағз мебуд шахсро хуб мушоҳида кунем? Агар шумо фикр кунед, ки касе бароятон ҳамсари хуб шуда метавонад, чӣ кор бояд кард? Оё шумо ба ин кас дарҳол пешниҳоди мулоқот мекунед? Одами боақл пеш аз амал кардан маълумот ҷамъ мекунад. Аз ин рӯ, пеш аз он ки бо одам дар ин масъала гап занед, муддате ӯро боэҳтиёт мушоҳида кунед. Ҳиссиёти одам як пайдо шуда, дарҳол гум шуда метавонад. Аз ин рӯ вақте шитоб накарда шахсро мушоҳида мекунед, шумо дар сари эҳсосот мулоқотро сар намекунед. Шояд, шумо касеро таги чашм мекунед, вале муддате ӯро мушоҳида намуда ба хулосае меоед, ки ӯ бароятон ҷуфти мувофиқ нест.

Дар зиёфатҳо ва вохӯриҳои дӯстона шумо дар бораи рӯҳонияти одам, шахсият ва рафтораш ягон чизро пай бурда метавонед. Дӯстони ӯ киянд? Ӯ дар бораи чӣ бисёр гап мезанад? Оё мақсадҳояш бо мақсадҳои шумо мувофиқанд? Вақте шахсро мушоҳида мекунед, эҳтиёт шавед, ки ӯро нороҳат насозед. Боодоб бошед ва ҳиссиёту озодии шахсро эҳтиром кунед. Пеш аз пешниҳод кардани мулоқот шахсро номаълумак мушоҳида кунед.

Пеш аз он ки ба одам мулоқотро пешниҳод кунед, бояд чӣ қадар ӯро мушоҳида кунед? Агар шумо одамро хуб нашинохта пешниҳоди вохӯрӣ кунед, дар назари кас булҳавас тофта метавонед. Вале, агар ин корро кашол диҳед, беҷуръат тофта метавонед, хусусан агар ӯ дар бораи шавқи шумо донад. Фаромӯш насозед: мулоқот пешниҳод кардан ҳоло пешниҳоди оиладорӣ нест,— шояд, кор бо тӯй наанҷомад. Лекин, агар шумо барои зиндагии оилавӣ тайёр набошед ва ё он кас дар назаратон ҳамсаршавандаи мувофиқ натобад, ин қадамро нагузоред.

Агар пай баред, ки касе шуморо маъқул кардааст, чӣ кор карда метавонед? Агар шумо ҳам нисбати ӯ чунин ҳиссиёт надошта бошед, бо рафторатон инро маълум созед. Агар шумо ба он шахс шавқ надошта бошед, вале бо ҳиссиёташ бозӣ кунеду бағалашро бо чормағзи пуч пур кунед, бераҳмӣ мешавад.

Дар баъзе ҷойҳо падару модар ё дигар калонҳо аз миёни хешу табор барои муҷаррадон ҳамсар интихоб мекунанд. Дар мамлакатҳои дигар бошад, ёру дӯстон барои муҷаррадон мулоқотро ташкил карда, барояшон имконият медиҳанд, ки бо ҳамдигар шинос шаванд ва бинанд, ки ҷуфти мувофиқ шуда метавонанд ё не. Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки барои касе ҷуфти мувофиқ ёбед, хоҳишу ниёзҳои ҳар ду ҷонибро ба назар гиред. Ҳамин ки ҳамсаршавандаеро ёбед, дар бораи ӯ маълумоти ҳар чӣ бештар гиред: дар бораи шахсияташ, сифатҳояш, ҳолати равониву руҳониаш. Вале дар ёд доред, ки қарори ниҳоии оиладор шудан ё нашуданро шахси муҷаррад худаш қабул мекунад.

Шумо метавонед ба одам занг занед ё ки дар ҷое вохӯрӣ ташкил кунед, ки одамони дигар низ ҳастанд. Ниятатонро равшан баён кунед. Агар лозим шавад, барои ба одам ҷавоб гуфтан вақт диҳед. Агар шахс гӯяд, ки ба ин пешниҳоди шумо шавқманд нест, қарори ӯро ҳурмат кунед.

Агар касе ба шумо пешниҳоди мулоқот кунад-чӣ? Эҳтимол, барои дар ин бора гап задан ба ӯ ҷуръату далерӣ даркор буд, аз ин рӯ меҳрубону боэҳтиром бошед. Агар барои пешниҳодро қабул ё рад кардан ба шумо вақт даркор бошад, инро ба вай фаҳмонед. Вале кӯшиш кунед, ки корро кашол надиҳед ва ҳар чӣ зудтар ба ӯ ҷавобашро гӯед. Агар шумо шавқ надошта бошед, инро рӯйирост ва меҳрубонона гӯед. Вале, агар шумо шавқманд бошед, ҳиссиётатонро гӯед ва фаҳмонед, ки аз мулоқот чиро интизоред. Эҳтимол, назару ақидаҳои шумо дар мавриди мулоқот ба сабаби маданият ё чизи дигар фарқ кунанд.

Ҳамчунин мо набояд дар рафтору суханамон нишон диҳем, ки чунин шахсонро бечораву бадбахт меҳисобем. Баъзеҳо мегӯянд: “Ту ҳолиям зан нагирифтӣ? Ту он қадар ёш нестӣ дигар”. Чунин суханон қадру арзиши ӯро дар чашми худашон паст мекунанд ва фишореро, ки онҳо барои оиладор шудан ҳис мекунанд, дучанд мегардонанд».

Агар фикр кунем, ки ягон бародару хоҳар барои ҳамдигар ҷуфти мувофиқанд, чӣ кор карда метавонем? Ҳиссиёти дигаронро ба назар гирем. Бисёри одамон намехоҳанд, ки онҳоро ба касе тӯғрӣ кунанд, барои ҳамин бояд хоҳишашонро ба назар гирем. Шояд, баъзеи дигар ба ягон хел ёрдам муҳтоҷ бошанд, вале мо онҳоро напурсида набояд аз пеши худ амал кунем. Агар шумо ду касро бо ҳам шинос карданӣ бошед, онҳоро ба вохӯрие таклиф кунед, ки он ҷо гурӯҳи калони одамон ҳастанд, он сӯяшро худашон медонанд. Дар вохӯриҳои дӯстона онҳо бо якдигар шинос шуда метавонанд. Ҳамаи мо, хоҳ муҷаррад, хоҳ оиладор бошем, метавонем ҳаёти хушбахтонаву қаноатбахш ба сар барем.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.