Салом Латофат ва Амрулло
Волидон ва фарзандон, бо муҳаббат муошират кунед
«Бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад»
Чаро барои муошират вақт ҷудо кардан муҳим аст?
Чӣ тавр фарзандон метавонанд дар ин амал истифода баранд?
ДАР байни бисёр ҷавонон чунин пурсиш гузаронда шуд: «Агар шумо нохост мефаҳмидед, ки волидонатон пагоҳ вафот мекунанд, имрӯз ба онҳо бештар чӣ гуфтан мехостед?» Қариб 95 фоизи онҳо гуфтанд, ки дар бораи проблемаҳо ё якдигарнофаҳмиҳои бо волидон доштаашон гап намезаданд, баръакс ба онҳо «маро бубахшед», «ман шуморо сахт дӯст медорам» мегуфтанд.
Умуман, фарзандон волидонашонро ва волидон фарзандони худро дӯст медоранд. Ҳарчанд волидон ва фарзандон сахт мехоҳанд, ки ба якдигар наздик бошанд, лекин баъзан онҳо дар муошират душворӣ мекашанд.
Барои муошират вақт ҷудо кунед
Ба бисёр оилаҳо барои муоширати хуб вақти кофӣ ёфтан душвор аст. Лекин ҳама вақт чунин набуд. Дар замонҳои пеш фарзандон рӯзи худро бо модарашон дар хона ё ҳамроҳи падарашон дар саҳро ё ҷои кори ӯ мегузаронданд. Ва ба фарзандону волидон барои якҷоя будан ва сӯҳбат кардан вақт фаровон буд. Аз ин рӯ, волидон дар бораи талаботу хоҳишҳо ва хулқу рафтори фарзандони худ фаҳмида метавонистанд. Ба монанди ин, фарзандон низ барои нағз шинохтани волидонашон вақт ва имконияти зиёд доштанд.
То чӣ андоза ҳаёти имрӯза аз он замон фарқ мекунад! Дар бисёр давлатҳо, кӯдакони хурдсолро, баъзан ҳатто дусолаҳоро ба муассисаҳои томактабӣ, масалан ба боғча медиҳанд. Бисёр падарону модарон дар ҷои дигар, аз хонаашон дур кор мекунанд. Ва ҳатто дар он вақти кӯтоҳе, ки волидон ва фарзандон якҷоя мешаванд, онҳо ба ҷои бо ҳам муошират кардан, вақтро ба тамошои телевизор, истифодаи компютер ё дигар воситаҳои электронӣ сарф мекунанд. Дар бисёр оилаҳо фарзандон ва волидон ҳаёти алоҳида мебаранд ва дар асл якдигарро нағз намедонанд. Муошират шояд байни онҳо тамоман вуҷуд надорад.
Латофат ва Амрулло, оё шумо метавонед, аз ҳисоби корҳои дигар вақт ҷудо карда, онро бештар бо оилаатон гузаронед? Баъзе оилаҳо қарор мекунанд, ки ба тамошои телевизор ва истифодаи компютер аз меъёр зиёд вақт сарф накунанд. Дигарон бошанд, мекӯшанд, ки дар давоми рӯз ақаллан як бор якҷоя хӯрок хӯранд. Ҳафтае тақрибан як соатро бо ин мақсад ҷудо кардан албатта хуб аст, лекин барои роҳ кушодан ба муоширати кушоду самимӣ чизи бештар лозим аст. Барои ин мунтазам ва зуд-зуд муошират кардан ҳатмист. Ин метавонад дар давоми рӯз ба фарзандатон хеле кӯмак расонад.
Баъзе волидон тавонистанд дар ҳаёти худ дигаргуниҳо дароранд, то вақти бештарро бо кӯдаконашон гузаронанд. Масалан, модари ду фарзанд, бо ин мақсад кори худро, ки аз саҳар то бегоҳ буд, тарк кард. Ӯ мегӯяд: «Саҳарӣ ҳамаи мо саросемавор ба кор ва ба мактаб баромада мерафтем. Вақте ки бегоҳ ман аз кор бармегаштам, медидам, ки кӯдаконро мураббиашон аллакай хобонда буд. Гарчанд аз кор рафтани ман маънои онро дошт, ки мо акнун ба пули камтар бояд қаноат кунем, аммо ҳозир ман аз фикру душвориҳои фарзандонам бохабарам. Ман метавонам ба онҳо маслиҳат диҳам, онҳоро рӯҳбаланд кунам ва таълим диҳам».
Аксари ҷавонон пеш аз ҳама аз он шикоят мекунанд, ки волидонашон онҳоро гӯш намекунанд. Вале ин на танҳо душвории фарзандон аст. Волидон низ бисёр вақт нисбати фарзандонашон чунин шикоят доранд.
Латофат ва Амрулло, пас, барои ҳамеша бо ҳам муоширати хуб доштан аъзоёни оила бояд якдигарро хеле бодиққат гӯш кунанд.
Бо эҳтиром, Ризвона