Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Ман ҳамин тез тез асабӣ мешам. Чӣ хел хашму ғазабро идора кардан мумкин аст? Чӣ бояд кунам?

Салом Абдумуқим.
Вақте ҳамсаратон бо ягон гап ё амалаш шуморо ба ғазаб меорад, шумо ҳаракат мекунед, ки худро ба даст гиред. Ӯ пай мебарад, ки шумо чун пештара бо ӯ муносибат накарда истодаед ва саволҳо додан мегирад. Ин бошад, вазъиятро бадтар мекунад. Пас, дар ин ҳолат чӣ тавр худро ба даст гирифта метавонед?
Шумо чӣ кор карда метавонед
Ғазабро идора накардан ба саломатӣ зарар меорад. Мувофиқи баъзе тадқиқотҳо идора накардани ғазаб фишори хунро баланд карда, метавонад ба бемориҳои дил, депрессия ва ҳазм накардани хӯрок оварда расонад. Ғайр аз ин, он сабаби бехобӣ, хавотирӣ, бемориҳои пӯст ва сактаи дил гардад. Беҳуда гуфта нашудааст: «Аз хашм даст бикаш... ки он фақат зиён меорад».
Ғазабро дар дил гирифта гаштан низ зарар дорад. Хашму ғазабро идора накардан ба касалие монанд буда метавонад, ки одамро дарунакӣ тамом мекунад. Масалан, шумо ба ҳама чиз бо шубҳа нигариста, нуқтаи назари айбҷӯёнаро дар худ инкишоф медиҳед. Як умр бо чунин шахс зиндагӣ кардан душвор аст, ва ин рӯҳия ба издивоҷатон зарари ҷиддӣ расонда метавонад. Шумо чӣ кор карда метавонед.
Ба хислатҳои хуби ҳамсаратон диққат диҳед. Се хислати ҳамсафари ҳаётатонро, ки қадр мекунед, нависед. Вақте ки ягон амали ӯ шуморо асабонӣ мекунад, ин хислатҳоро ба хотир оред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки худро ба даст гиред.
Миннатдор будани худро нишон диҳед.
Бо омодагӣ бахшед. Дар аввал ба вазъият аз нуқтаи назари ҳамсаратон нигаред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ҳиссиёти ҳамсаратонро фаҳмед ё ҳамдард бошед.. Сипас аз худ пурсед: «Оё ин вазъият кироӣ ба ғазаб омадану набахшидан мебошад?»
Принсипе омада шудааст:«Аз хато чашм пӯшидан касро зеб медиҳад».
Ҳиссиётатонро меҳрубонона ва бо мулоимӣ фаҳмонед. Дар ин вақт ҷонишини «ман»-ро истифода баред. Масалан, ба ҷойи «Шумо ин қадар бепарво. Занг зада дар куҷо буданатонро гӯед намешавад» гуфтан, «Рӯз бевақт шуд ва ман хавотир шудам, ки бо шумо ягон чӣ рӯй надода бошад» гӯед. Агар шумо ҳиссиётатонро бо мулоимӣ фаҳмонед, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки хашму ғазабатонро идора кунед.
«Бигзор суханони шумо ҳамеша форам... бошанд».
Боэҳтиромона гӯш кунед. Баъди баён кардани ҳиссиётатон гапи ҳамсаратонро набурида бодиққат гӯш кунед. Вақте ки ӯ гапашро тамом кард, барои боварӣ ҳосил кардан, ки гапашро дуруст фаҳмидед ё не, чизи фаҳмидаатонро бо гапҳои худатон гӯед. Барои идора кардани ғазаб бодиққат гӯш кардан хеле муҳим аст.
Агар худро ором нишон дода ғазабро дар дил гирифта гардем, ин душвориро ҳал намекунад ва мо як рӯз не як рӯз мекафем. Барои ҳамин беҳтараш дар бораи душвориатон боэҳтиромона гап занед. Вақте  гапатонро тамом мекунед, ба ҳамсаратон гӯед: “Биё аз нав дӯст мешавем”.
Як ҳамсаре мегӯяд: «Ҳамсарам доимо маро гӯш мекунад ва ба хавотириҳоям ҷиддӣ муносибат мекунад. Ман инро хеле қадр мекунам. Ҳатто ӯ агар бо ман розӣ набошад ҳам, фикру ақидаи маро ба назар мегирад. Ӯ ҳеҷ гоҳ барои баён кардани ин ё он ҳиссиётам маро паст намезанад».
Пас, Абдумуқим, дар зиндагӣ бисёр пастиву баландиҳои душвор вуҷуд доранд. Дар навбати худ ҳаракат кунед, ки асабҳоятонро идора карда тавонед. Бо мулоимӣ ҷавоб диҳед. Кӯшишҳоятонро дида Худо баракаташро медиҳад.
Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.