Ассалом.
Вақте ҳамсаратон бо ягон гап ё амалаш шуморо ба ғазаб меорад, шумо ҳаракат мекунед, ки худро ба даст гиред. Ӯ пай мебарад, ки шумо чун пештара бо ӯ муносибат накарда истодаед ва саволҳо додан мегирад. Ин бошад, вазъиятро бадтар мекунад. Пас, дар ин ҳолат чӣ тавр худро ба даст гирифта метавонед?
Шумо бояд чиро донед
Ғазабро идора накардан ба саломатӣ зарар меорад. Мувофиқи баъзе тадқиқотҳо идора накардани ғазаб фишори хунро баланд карда метавонад ба бемориҳои дил, депрессия ва ҳазм накардани хӯрок оварда расонад. Ғайр аз ин, он сабаби бехобӣ, хавотирӣ, бемориҳои пӯст ва сактаи дил гардад. Беҳуда масалан наомадааст : «Аз хашм даст бикаш... ки он фақат зиён меорад».
Ҳиссиётатонро меҳрубонона ва бо мулоимӣ фаҳмонед. Дар ин вақт ҷонишини «ман»-ро истифода баред. Масалан, ба ҷойи «Шумо ин қадар бепарво. Занг зада дар куҷо буданатонро гӯед намешавад» гуфтан, «Рӯз бевақт шуд ва ман хавотир шудам, ки бо шумо ягон чӣ рӯй надода бошад» гӯед. Агар шумо ҳиссиётатонро бо мулоимӣ фаҳмонед, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки хашму ғазабатонро идора кунед.
Принсипи дигаре ҳаст: «Бигзор суханони шумо ҳамеша форам... бошанд».
Боэҳтиромона гӯш кунед. Баъди баён кардани ҳиссиётатон гапи ҳамсаратонро набурида бодиққат гӯш кунед. Вақте ки ӯ гапашро тамом кард, барои боварӣ ҳосил кардан, ки гапашро дуруст фаҳмидед ё не, чизи фаҳмидаатонро бо гапҳои худатон гӯед. Барои идора кардани ғазаб бодиққат гӯш кардан хеле муҳим аст.
"Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад".
Агар худро ором нишон дода ғазабро дар дил гирифта гардем, ин душвориро ҳал намекунад ва мо як рӯз не як рӯз мекафем. Барои ҳамин беҳтараш дар бораи душвориатон боэҳтиромона гап занед.
Занон, шавҳари худро эҳтиром кунед
«Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад».
Вақте зан шавҳари худро ҳурмату эҳтиром карда қарорҳои ӯро дастгирӣ мекунад, дар оила тинҷию оромӣ зиёдтар мешавад. Агар шавҳар ягон хато кунад, зан ӯро паст намезанад, балки оромона ва бо эҳтиром муносибат мекунад. Вақте зан дар бораи ягон душворӣ гап заданӣ мешавад, ӯ вазъиятро дар лаҳзаи мувофиқ ва бо эҳтиром ба шавҳараш мефаҳмонад.
Ба ҳамсаратон вафодор бошед
Ҳарчанд рафтори шавҳаратон дар ихтиёри шумо нест, шумо метавонед, дардатонро сабуктар кунеду осоиштагӣ ба даст оред. Якчанд маслиҳати судмандро мебинем.
Худро айбдор накунед. Баъзе занон гумон мекунанд, ки оқибати шавҳарашон айби онҳост. Аз чунин рафтори шавҳаратон худро безебу назарногир мешумуред: «Барои чӣ шавҳарам маро неву дигар занонро тамошо мекунад? Аз афташ, ман аз дигарон камӣ дорам». Баъзе занон худро барои муносибаташон айбдор мекунанд, зеро гумон доранд, ки рафторашон вазъиятро аз будаш бадтар мекунад.
Агар чунин фикрҳо аз сари шумо гузаранд, дониста бошед, ки шумо барои рафтори шавҳаратон масъул нестед. «Ҳар кас саргарм ва фирефтаи хоҳишу ҳавасҳои худ шуда ба озмоиш дучор мегардад». Ҳеҷ кас шуморо айбдор намекунад, баръакс, барои вафодориятон шуморо қадр мекунанд.
Шояд фикр кунед, ки шавҳарам дар куҷо бошаду бо чӣ кор машғул аст. Аз ҳад зиёд ғам нахӯред. Баъзе занон мегӯянд, ки дар ҳузури касоне, ки аз душвории шавҳарашон огоҳанд, шарм медоранд. Дигарон бошанд, худро танҳо ҳис мекунанд, зеро гумон доранд, ки касе аз ин дардашон хабар надорад.
Чунин ҳиссиётҳо табииянд, вале, агар шахс ба онҳо дода шавад, ғамгину дилмонда мегардад. Ба ҷойи ин, дилатонро пурра ба Худо холӣ намоед. Дар ин ҳолат қуввату осудагӣ пайдо мекунед.
Саломату сарбаланд бошед
Бо эҳтироми самимӣ Ризвона.