Салом Оиша.
Барои он ки оила хушбахт бошад, ба ҳамсарон муҳим аст, ки аз якдигар миннатдор бошанд. Аммо, афсӯс ки, бисёр занону шавҳарон бо гузашти вақт ба хислатҳои хуби якдигар аҳамият намедиҳанд. Ҳамин тавр дар оила миннатдорӣ аз байн меравад. Як маслиҳатчии оилаҳо дар китобаш чунин мегӯяд, ки "вақте одамон аз ӯ маслиҳат мепурсанд, бисёртар дар бораи камбудии оилаашон гап мезананд, на дар бораи чизҳои хуби он. Онҳо бештар ба он диққат медиҳанд, ки чӣ дар оилаашон бояд дигар шавад, лекин дар бораи он ки чӣ бояд ҳамин хел истад, фикр намекунанд. Ба гуфти ин маслиҳатдиҳанда, «хатои ин одамон дар он аст, ки онҳо кӯрнамаку ношукр шудаанд ва ҳамин тавр меҳрубониро аз даст додаанд".
Дар ёд доред, ки миннатдорӣ ғаму ташвиши ҳамсаронро камтар месозад. Агар зану шавҳар кӯшиш кунанд, ки хислатҳои хуби якдигарро бинанд, муносибаташон беҳтар мешавад. Вақте онҳо якдигарро қадр мекунанд, ҳатто нофаҳмиҳои ҷиддиро ҳал кардан мумкин аст.
Барои занон. Дар китоби «Чанд қадам пеш аз хиёнат» гуфта мешавад: «Бисёр занон заҳмати мардонро, ки барои таъмин кардани оила мекашанд, қадр намекунанд». Ин вазъият ҳамчунин дар ҷойҳое дида мешавад, ки ҳам зан ва ҳам шавҳар кор мекунанд.
Барои шавҳарон. Бисёр вақт мардон ба меҳнати занон он қадар аҳамият намедиҳанд, хоҳ онҳо кори хонаро кунанд, кӯдак тарбия кунанд ё дар ягон ҷо кор кунанд. Албатта, ҳамаи мо хато мекунем. Аммо вақте шумо ягон хато мекунед, худро мехӯред. Барои ҳамин, вақте шавҳаратон шуморо барои ягон коратон таъриф мекунад, масалан, барои кардани ягон кори хона, ҳис мекунед, ки ӯ ба камбудиҳоятон нигоҳ накарда шуморо дӯст медорад. Дастгирии ӯ албатта ба шумо оромӣ мебахшад ва худро даркорӣ ҳис мекунед.
Қадр накардани зан ё шавҳар хеле хатарнок аст. Оқибати кор хиёнат шуда метавонад. Вақте шахсро дар оила қадр намекунанд, дилаш ба касе моил мешавад, ки қадри ӯро медонад.
Бодиққат бошед. Мақсад монед, ки ҳамин ҳафта ба хислатҳои хуби ҳамсаратон ва корҳое, ки ӯ барои беҳбудии хонадонатон мекунад, диққат диҳед. Кӯшиш кунед чизҳоеро, ки пештар ба онҳо аҳамият намедодед, бинед. Дар охири ҳафта рӯйхат тартиб диҳед ва дар он ду чизро нависед: 1) хислатҳои хуби ҳамсаратонро ва 2) он корҳоеро, ки ӯ ин ҳафта барои фоидаи оилаатон кардааст. «Ҳар он чи... шоёни таҳсин аст... дар бораи онҳо фикр кунед».
Барои чӣ бодиққату мушоҳидакор будан муҳим аст? Баъди якчанд соли оиладоршавӣ, одам ба хислатҳои хуби ҳамсараш одат мекунад ва дигар ба онҳо он қадар аҳамият намедиҳад. Шахс бештар ба камбудиҳои ҳамсараш диққат медиҳад, на ба хислатҳои хуби ӯ.
Аз худ пурсед: «Оё ман меҳнати ҳамсарамро қадр мекунам?» Масалан, вақте шавҳаратон дар хона ягон чизи вайронро дуруст мекунад, оё шумо раҳмат мегӯед? Ё чунин фикр мекунед: «Ин вазифаи мардак аст, бояд кунад»? Агар шумо шавҳар бошед, оё ба занатон барои меҳнаташ раҳмат мегӯед, масалан барои нигоҳубин кардани кӯдакон? Ё чунин фикр мекунед: «Чӣ ҷойи таъриф? Кори занак ҳамин!»? Бигзор дидани корҳои хурду калони ҳамсаратон ба одати шумо дарояд. Дар пеши худ мақсад монед, ки барои ҳар як чунин кор ба зан ё шавҳаратон раҳмат гӯед. «Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед».
Доимо ҳамсаратонро таъриф кунед. Шукргузор бошед. Шахси шукргузор доимо миннатдориашро нишон медиҳад. Кӯшиш кунед, ки зуд-зуд ҳамсаратонро таъриф кунед. Марде бо номи Ҷовид мегӯяд: «Вақте занам барои ягон корам раҳмат мегӯяд, ин ба ман болу пар мебахшад ва ман барои шавҳари беҳтар шудан бисёртар кӯшиш мекунам». Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз бошад.
Якдигарро қадр карда зану шавҳар муносибаташонро мустаҳкам мегардонанд. Шавҳаре бо номи Абдулло мегӯяд: «Баъзе одамон барои он ҷудо мешаванд, ки хислатҳои хуби якдигарро фаромӯш мекунанд. Агар онҳо дар вақти пайдо шудани душвориҳо хислатҳои хуби ҳамдигарро ба ёд оранд, даррав фикри ҷудошавиро намекунанд. Онҳо дарк мекунанд, ки бо ҷудо шудан чизи пурқиматеро аз даст медиҳанд.
Оиша, душвориҳои ҳаёти ҳаррӯза одамро хаста мекунанд ва майнаи сарро хароб месозанд. Лекин доимо ҳамдигарро дилбардорӣ карда, меҳнататонро қадр кунед. Ин суханони рӯҳбаландкунанда ба якдигар қувваи тару тоза мебахшанд. Дар дилатон боварӣ пайдо кунед, ки шавҳаратон шуморо дӯст медорад.
Бо эҳтиром, Ризвона.