Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллима. Ман дар фикрам як гуноҳи ҷиддӣ кардам. Дар дил қарор кардам, ки кӯдаки дар батн будаамро аборт мекунам. Чунки муносибатам бо шавҳарам хуб нест ва боз ман чӣ хел карда ин кӯдаки сеюмамро хӯронда калон мекунам. Шароити зиндагиамон хуб нест. Боз чӣ хеле ки тарбияи кӯдакон боз ҳам қинтару вазнинтар шудааст. Манба чӣ маслиҳат медодед? Бо эҳтироми самимӣ Мусаллама.

Салом Мусаллама
Зани хирадманд ба овози виҷдонаш гӯш медиҳад.  Ҳар сол даҳҳо миллион кӯдаконеро, ки ҳоло таваллуд нашудаанд, аз ҳаёт маҳрум месозанд. Ин шумора аз аҳолии бисёр мамлакатҳо зиёд аст. Қарори шахсӣ ё кори тамоман нораво?
Занон аз сабабҳои гуногун ба аборт даст мезананд, аз он ҷумла аз сабаби душвориҳои пулию молӣ, муносибати бад дар оила ва аз тарси он ки баъд кӯдакро танҳо калон мекунанд. Ва ё онҳо мехоҳанд хонданашонро давом диҳанд ё дар ҷойи корашон ба мансабу мартабаҳои баланд расанд. Лекин барои дигарон аборт кори аз ҷиҳати ахлоқӣ норавост. Ба фикри онҳо, зан бо ин кораш кӯдакро аз ҳуқуқи зиндагӣ кардан маҳрум месозад.
Ҳаёт муқаддас аст, хусусан ҳаёти одам. Ин принсип ҳамчунин ба кӯдаке, ки дар батни модар аст, дахл дорад. Батн ҷойи бехатарест, ки барои инкишоф ёфтани кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар Қонун гуфта мешуд, ки агар шахс ба зани ҳомиладор ҳамла кунаду кӯдаки батни ӯро кушад, ҷазои он шахс марг аст. Яъне қотил бояд бар ивази ҳаёти нобудкарда, ҷазо меёфт. Албатта, дар ҳар маврид доварон бояд вазъиятро пурра дида мебаромаданд ва аниқ мекарданд, ки шахс ин корро қасдан кард ё нохост. Ҳар яки мо виҷдон дорем. УВақте зан ба виҷдон, яъне овози даруниаш гӯш медиҳаду ба ҳаёти тифли таваллуднашудаи худ эҳтиром нишон медиҳад, он вақт виҷдонаш ӯро мукофот медиҳад. Агар ба овози виҷдонаш гӯш надиҳад, ӯ азоби виҷдон мекашад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бештар он заноне, ки аборт кардаанд, гирифтори хавотирӣ ва депрессия мешаванд. Лекин агар калон кардани кӯдак тарсовар тобад-чӣ? Хусусан вақте ки шумо нохост ҳомиладор мешавед? Аҳамият диҳед, ки ба онҳое, ки аз рӯйи гуфтаҳои меъёрҳои хубу бад зиндагӣ мекунанд, чӣ ваъда шудааст: «Бо некӯкор Ту некӯкорона рафтор мекунӣ, бо мард [ё зан]-и ростдил ростдилона». 
Агар шумо аборт карда бошед-чӣ? Зане, ки кӯдаконашро танҳо тарбия мекунад, чунин мегӯяд: «Ман аллакай се кӯдаки майда доштам, барои ҳамин фикр мекардам, ки чорумашро калон карда наметавонам. Лекин баъди кардани аборт ман фикр мекардам, ки ба як кори пасту даҳшатнок даст задаам». Вақте мо аз хатои кардаамон сахт пушаймон мешавем, тавба мекунем ва аз Худо бахшиш мепурсем, Ӯ моро бо омодагӣ мебахшад, ҳатто агар гуноҳамон ҷиддӣ бошад. Агар шахси тавбакарда бо фурӯтанӣ ба Худо дуо гӯяд, Худо ба ин шахс ғайр аз виҷдони пок боз оромиву осоиштагӣ медиҳад: «Дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт». Баъди он ки Рут Китоби Муқаддасро омӯхт ва ба Худо дилашро холӣ кард, ӯ дар дилаш оромӣ ҳис кард.   Баъзан духтурон мегӯянд, ки саломатии модар ё кӯдак гӯё зери хатар аст, барои ҳамин аборт кардан лозим аст. Лекин ин барои аборт сабаб буда наметавонад. Агар дар вақти таваллуд қарор қабул кардан даркор шавад, ки ҳаёти модар ё кӯдакро интихоб кунанд, ин қарорро худи ҳамсарон қабул мекунанд. Дар бисёр мамлакатҳои тараққиёфта бошад, ба туфайли пешравиҳо дар соҳаи тиб чунин вазъият хеле кам ба назар мерасад. Ҳамчунин умед ба мо оромиву осоиштагӣ мебахшад. 
Мусаллам, барои ҳамин ба як хулосаинкишофе биёед, то дар оянда виҷдонамон шуморо маҳкум накунад. Ва боз заноне, ки даст ба аборту отсос медиҳанд, ба бисёр бемориҳо гирифтор шуданашон мумкин. Чунки протсеси инкишофи батнро қатъ мекунанд ва ин ғайри табиӣ аст. Баръакс, таваллуд дар навбати худ организми занро боз ҳам тароваттар мегардонад.
Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.