Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллима. Зани якуми ман баъд аз 34 соли оиладориамон аз касалии саратон вафот кард. Вақте ки ман аз нав хонадор шудам, занам ҳис мекард, ки ман ӯро доимо бо зани пештараам муқоиса мекунам. Ба замми ин, дӯстони пешина бисёр вақт дар бораи хислатҳои хуби зани якумам гап мезаданд ва ин ӯро ғамгин мекард. Чӣ бояд кард? Ин сабаби бисёр душвориҳо мегардад. Барои ба даст овардани хушбахтӣ дар издивоҷи дуюм мехостам каме ҳам бошад , фаҳмам. Барои ҷавобатон миннатдорам.

Салом Абдусаттор.
Издивоҷи дуюм душвориҳое дошта метавонад, ки дар издивоҷи якум тамоман набуданд.
Агар шумо аз нав оила барпо карда бошед, шумо дар бораи издивоҷи дуюматон чӣ ақида доред? Вақте ки шумо бори аввал оиладор мешавед, фикр мекунед, ки издивоҷатон якумра хоҳад буд. Аммо дар издивоҷи дуюм шумо шояд чунин ҳиссиёт надошта бошед, чунки ҳамеша дарк мекунед, ки издивоҷи якуматон барҳам хӯрдааст.
Ба ҳар ҳол, бисёр касон аз издивоҷи дуюм хурсандии зиёд ва бардавом ёфтанд. Онҳо дар издивоҷи худ муваффақ гардиданд ва шумо низ муваффақ гашта метавонед! Чӣ тавр? Биёед се душвории дар ин ҷониб паҳнгаштаро дида бароем ва бинем, ки чӣ тавр ҳалли онҳо ба шумо кӯмак карда метавонанд.
Душвории 1: Хотираҳо аз издивоҷи пештараатон ба хушбахти издивоҷи ҳозиразамон халал расонда метавонанд.
Хотираҳои худро дар бораи издивоҷи якум фаромӯш кардан, хусусан вақте ки  ба ҷойҳое саёҳат мекунед. Баъзан беихтиёр чунин шуда мемонад, ки зани ҳозираро бо зани пешина муқоиса мекунед. Аз тарафи дигар, агар ҳамсари шумо дар бораи ҳамсари аввалааш зуд-зуд гап занад, ин метавонад худи шуморо ранҷонад.
Интизор шудани он ки шумо ё ҳамсаратон дар бораи издивоҷи якуми худ тамоман фаромӯш мекунед, аз воқеият дур аст, хусусан агар он якчанд сол давом карда бошад. Масалан, баъзе одамон иқрор мешаванд, ки ҳамсарашонро нохост бо номи ҳамсари пешинаашон ҷеғ зада мемонанд. Шумо дар чунин ҳолат ё ҳолати ба ин монанд чӣ кор карда метавонед? Яъне ба ҳиссиёти дигарон бо фаҳмиш муносибат кунед.
Ба рашк дода шуда, ба ҳамсаратон дар бораи издивоҷи аввалааш сухан гуфтанро тамоман манъ накунед. Агар ҳамсари шумо ба сӯҳбат кардан оиди зиндагӣ бо ҳамсари аввалааш ниёз дошта бошад, бо фаҳмишу меҳрубонӣ ӯро гӯш кунед. Инчунин, саросемавор хулоса набароред, ки ӯ шуморо бо ҳамсари пештарааш муқоиса карда истодааст.  Ба ин чун ба имконияти фаҳмидани ҳаётатон нигаред. Шумо низ метавонед ба чунин сӯҳбатҳо чун ба имконияти наздиктар шудан ба ҳамсари наватон нигоҳ кунед.
Диққататонро ба хислатҳои хуб ва мусбии ҳамсари ҳозираатон равона кунед. Шояд ба ҳамсари ҳозираатон баъзе хислатҳо ва қобилиятҳое, ки ҳамсари аввалаатон дошт, намерасанд. Аммо ҳамсари ҳозираатон эҳтимол аз дигар ҷиҳатҳо бартарӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, таҳкурсии издивоҷи худро на бо фарқ кардани яке бо дигаре, балки бо мулоҳиза рондан ва қадр кардани он чизе, ки дар ҳамсаратон ба шумо маъқул аст, мустаҳкам кунед.  Чӣ тавре, ки дӯстӣ бо ду шахс аз ҳам фарқ мекунад, ҳамин тавр ду издивоҷ низ як хел намешавад.
Абдусаттор, чӣ бояд кард, то ки хотираҳои хуб аз издивоҷи пештараатон ба ҳаёте, ки шумо бо ҳамсари наватон сар карда истодаед, халал нарасонанд? «Боре ман ба занам фаҳмондам, ки издивоҷи аввалаи ман мисли як китоби зебое буд, ки аз тарафи ману зани пештараам навишта шудааст»,— мегӯяд марде. «Як-як ман метавонам ин китобро кушода хонам ва оиди воқеаҳои хуби он мулоҳиза ронам. Аммо ман дар он китоб зиндагӣ намекунам. Зеро ҳоло ману ҳамсарам якҷоя китоби худамонро навишта истодаем ва ин аст он ҷое ки ман ҳоло хурсандона зиндагӣ дорам».
Аз ҳамсаратон пурсед, ки агар гап дар бораи ҳамсари пешинаатон равад, оё ӯ худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Муайян кунед, ки дар кадом мавридҳо беҳтар мебуд, ки оиди издивоҷи аввалаатон гап назанед.
Душвории 2: Муошират бо дӯстони пешина, ки бо шумо, ё ҳамсари наватон ношиносанд, мушкил буда метавонад. Кӯшиш кунед, ки худро ба ҷои дӯстонатон гузоред. Ман фикр мекунам, ки барои дӯстони пешина муошират бо рафиқи худ, ки акнун ҳамсари дигар гирифтааст, баъзан вақт хеле дардовар ва ногувор аст. Барои ҳамин, бомулоҳиза бошед ва «ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор» намоед. Ба дӯстонатон ва оилаатон барои одат кардан вақт диҳед. Бо дигар шудани издивоҷи шумо доираи дӯстонатон низ дигар шуда метавонад. Чун ҷуфт дӯстони нав пайдо кунед ва ин низ ба шумо кӯмак мекунад.
Вақте ки шумо бо дӯстони пешина вақт мегузаронед, хуб мебуд, ки оиди ҳиссиёти ҳамсаратон фикр кунед. Масалан, агар ҳангоми муошират кардан гап дар бораи издивоҷи аввалаатон равад, дар сухан боэҳтиёт ва бомулоҳиза бошед, то ки ҳамсари наватон худро аз давра берун ва бегона ҳис накунад. Агар шахс фикр накарда сухан ронад, ин метавонад «мисли зарби шамшер» бошад, «вале забони хирадмандон офият мебахшад».
Муайян созед, ки кадом мавридҳо шумо ё ҳамсаратонро дар ҳолати ногувор гузошта метавонанд. Ва пешакӣ муҳокима кунед, ки ба саволҳое, ки дӯстонатон оиди издивоҷи аввалаи шумо медиҳанд, чӣ гуна ҷавоб додан беҳтар аст.
Душвории 3: Ба шумо боварӣ кардан ба ҳамсари ҳозираатон мушкил аст, чунки ҳамсари пешинаашон ба шумо хиёнат карда буд.
Ташвишу ҳиссиёти худро ошкоро ба ҳамсаратон баён кунед. Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад.  «Машварат», яъне гуфтугӯи самимона  кӯмак мекунад, ки ба якдигар боварӣ кунанд.
Агар ҳамсари ҳозираи шумо дар издивоҷи пештарааш хиёнат дида бошад, ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то ки боварии ӯро ба даст оред.
Дар танҳоӣ бо шахси ҷинси муқобил муошират карданро барои худ маҳдуд кунед — хоҳ рӯбарӯ бошад ва хоҳ бо телефон ё Интернет.
Бисёр касоне, ки дуюмбора издивоҷ кардаанд, хушбахтанд ва шумо низ хушбахт буда метавонед. Охир, назар ба он вақте ки шумо бори аввал издивоҷ карда будед, эҳтимол ҳоло шумо худро хубтар мешиносед.
Абдусаттор, хотираҳои наве бунёд кунед, ки шуморо чун ҷуфт ба ҳам пайваст кунанд.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.