Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом муаллимаҷон. Ман фикр кардам, ки ҳаёт баъди ҷудошавӣ ба ин тоб оварда наметавонам. Зеро ҳаёти хубе, ки ман доштам ногаҳон ранги дигар гирифт ва ман ҳеҷ чиз шуда мондам, ки аз ҷудошавиам як сол гузаштааст. Шавҳари ман бо зане, ки ҳамсинну соли духтарамон буд, муносибати ошиқона пайдо кард. Вақте ки мо ҷудо шудем, ман аз рафтори дағалонаи шавҳарам халос гаштам, вале ҳамзамон худро хоршуда ва беқадр ҳис мекардам. Дарди диламро чӣ хел секин кунам?

Салом Марҳабо.
Баъзе одамон аз ҳамсарашон ҷудо шуда умед мекунанд, ки ҳаёташон беҳтар мегардад. Дигарон бошанд, ҳарчанд ҷудо шудан нахоҳанд ҳам, ҳамсарашонро аз ҷудошавӣ боздошта наметавонанд. Вале қариб ҳамаи онҳое, ки ҷудо мешаванд, дарк мекунанд, ки ҳаёт пас аз ҷудошавӣ назар ба гумони онҳо душвортар будааст. Дар ҳақиқат, агар шумо ба наздикӣ аз ҳамсаратон ҷудо шуда бошед, шумо шояд розиед, ки ин воқеаи мудҳиштаринест, ки шумо дар ҳаётатон рӯ ба рӯ шудаед. Аз ин рӯ, биёед баъзе маслиҳатҳои муфидро дида бароем, ки ба шумо барои бомуваффақият аз сар гузаронидани мушкилиҳои ҷудошавӣ кӯмак мекунанд.
Душвории 1: Ҳиссиёти манфӣ
Стрессе, ки бо душвориҳои моддӣ, тарбияи кӯдакон ва танҳоӣ алоқаманд аст, метавонад бартарафнашаванда тобад ва чунин ҳиссиёт на ҳама вақт тез мегузарад. Психолог Ҷудит Валлерстайн мегӯяд, ки ҳатто баъди гузашти солҳои зиёд аз ҷудошавӣ, баъзеҳоро ҳиссиёти он ки ба онҳо хиёнат карданд ва партофта рафтанд, тарк намекунад ва чунин шахсон бар он ақидаанд, ки «ҳаёт аз беадолатӣ, рӯҳафтодагӣ ва танҳоӣ иборат аст».
Шумо чӣ кор карда метавонед
Оиди чизи аз даст рафта зиқии худро пинҳон накунед. Шумо шояд ҳамсаратонро, ки то ҳол дӯсташ медоред, ёд кунед. Гарчанд муносибат байни шумову ӯ хуб  набуд, лекин ҳоло шояд аз боиси он ғамгинед, ки акнун он умеди аз издивоҷ хурсандӣ гирифтанро аз даст додаед. Фармудаанд, ки «вақте барои гиристан» аст, аз ин рӯ аз ашк рехтан шарм надоред.
Худро аз ҳама дур нагиред. Ҳарчанд шумо аз сабаби ғаму андӯҳатон ба танҳо мондан ниёз доред, лекин муддати дурудароз худро аз ҳама дур гирифтан аз рӯи хирад нест. Бо дӯстон дар мавзӯъҳои рӯҳбаландкунанда муошират кунед. Чунки агар доимо дар бораи ҳамсари пештараатон нолаву шикоят кунед, ҳатто ӯ сазовор бошад ҳам, дигарон метавонанд аз шумо худро дур гиранд. Агар дарҳол пас аз ҷудошавӣ ба шумо қарорҳои ҷиддӣ қабул кардан лозим ояд, аз шахсе, ки ба ӯ боварӣ доред, кӯмак пурсед.
Дар бораи саломатии худ ғамхорӣ кунед. Стрессе, ки ҷудошавӣ бо худ меорад, бисёр вақт ба саломатии кас таъсир карда, сабаби баланд шудани фишори хун ва дарди сар мегардад. Кӯшиш кунед, ки нағз хӯрок хӯред, машқи ҷисмонӣ кунед ва ба миқдори кофӣ хоб равед.
Чизҳоеро, ки аз нав хашми шуморо нисбати ҳамсари пешинаатон зиёд мекунанд ё ин ки ба шумо лозим нестанд, партоед, аммо варақаю ҳуҷҷатҳои лозимаро нигоҳ доред. Агар дидани чунин чизҳо ба монанди суратҳои тӯятон ба шумо дардовар бошанд, онҳоро ба як қуттӣ андохта, барои фарзандонатон нигоҳ доред.
Бо фикрҳои манфӣ мубориза баред. Гаштаву баргашта оиди чизҳои манфӣ фикр кардан метавонад рӯҳро «афсурда» гардонад.
Бисёр одамон мегӯянд, ки фикрҳои худро рӯи варақ овардан ба онҳо кӯмак мекунад, ки вазъияти худро равшантар фаҳманд ва тарзи фикррониашонро назорат кунанд. Агар шумо низ чунин карданӣ бошед, кӯшиш намоед, ки диққататонро ба фикрҳои нав ва мусбӣ равона созед, то ба фикрҳои манфӣ ғолиб оед. Ду мисоли зерин нишон медиҳад, ки чӣ тавр фикрҳои кӯҳнаро бо фикрҳои нав иваз кардан мумкин аст:
Фикри кӯҳна: Ба хиёнати ҳамсарам камбудиҳои худи ман сабабгоранд.
Фикри нав: Камбудиҳои ман ба хиёнат кардани ҳамсарам сабаб шуда наметавонистанд.
Фикри кӯҳна: Ман солҳои беҳтарини ҳаётамро барои ин марди нобакор ҳайф кардам.
Фикри нав: Агар ман ба ҳаёти гузаштаи худ неву ба оянда нигоҳ кунам, ман хушбахттар хоҳам буд.
Ба шарҳу эродҳои дардовар аҳамият надиҳед. Дӯстону хешовандон аз дилсӯзӣ метавонанд суханонеро гӯянд, ки дардовар ё ҳатто дар вазъияти шумо нодуруст бошанд, ба монанди: «Вай ба ҳар ҳол ба ту мувофиқ набуд» ё «Худо аз талоқ нафрат дорад ». Дар ин маврид ба ҳамаи суханоне ки гуфта мешавад, диққат надиҳед. Ба ҷои диққатро ба суханони дардовари дигарон равона кардан,  ба Худо дуо гӯед. Ӯ ходимонашро бармеангезад, ки «ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор» намоянд, хусусан дар мушкилиҳои сахт.
Душвории 2: Муносибат бо ҳамсари пешинаатон
Бисёри шахсоне, ки ҷудо шудаанд, қаҳру ғазаби сахтро нисбати собиқ ҳамсарашон тӯли солҳо нигоҳ медоранд. Лекин  онҳо аз сабаби ба миён омадани баъзе масъалаҳо маҷбуранд, ки бо ҳамсари пешинаашон муошират кунанд, хусусан агар фарзандони умумӣ дошта бошанд.
Ҳангоми бо ҳамсари пешинаатон муошират кардан, одоби сӯҳбаткуниро нигоҳ доред. Ба масъалаҳои даркорӣ диққат диҳед ва кӯтоҳу бамаврид сухан ронед. Бисёриҳо ба хулоса омаданд, ки чунин тарзи амал ба сулҳу муросо мусоидат мекунад.
Марҳабо, аз гуфтани суханони дағалу иғвогарона худдорӣ намоед. Хусусан, вақте ки шумо худро зери фишор ҳис мекунед, ин маслиҳати оқилонаро ба кор баред: «Одами оқил ором ва сабур аст». Агар шумо ҳис кунед, ки сӯҳбати шумо бо ҳамсари пешинаатон тезутунд шуда истодааст ва ба ягон қарор омадани шумо душвор аст, он гоҳ метавонед чунин гӯед: «Ба ман лозим аст, ки дар бораи гуфтаҳои ту фикр кунам ва баъдтар дар ин бора гап занам».
Кору масъулиятҳоеро, ки пеш барои ҳар дуи шумо умумӣ буданд, то ҳадди имкон ҷудо кунед, аз он ҷумла корҳои бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, пулию молиявӣ ва тиббӣ алоқамандро.
Инро санҷида бинед: Дафъаи дигар, ҳангоми бо ҳамсари пешинаатон вохӯрдан ҳолатҳоеро пай баред, ки ӯ ё шуморо ба ғазаб оварда ба якравӣ ё баҳсу мунозира тела медиҳанд. Ва агар лозим ояд, аз ӯ хоҳиш кунед, ки муҳокимаи масъаларо ба дафъаи дигар гузаронад ё тавассути почтаи электронӣ муҳокима кардани онро пешниҳод кунед.
Душвории 3: Ба фарзандонатон барои одат кардан кумак кунед.
Мутаассифона, шумо шояд ҳис мекунед, ки вақт ва қуввати эмотсионалии шумо намерасад, то ба фарзандонатон дар вақти аз ҳама бештар мӯҳтоҷ буданашон кӯмак расонед.
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Фарзандонатонро барангезед, ки ҳиссиёташонро ба шумо баён кунанд, ҳатто агар суханони онҳо ба назаратон «сахт» тобанд ҳам.
Нақши ҳар касро дуруст эътироф кунед. Ҳангоми ба дастгирии эмотсионалӣ мӯҳтоҷ буданатон, ба назаратон метавонад чунин тобад, ки кӯдакатон ба расондани чунин ёрӣ тайёр аст. Лекин дар хотир доред, ки ӯ ҳоло кӯдак аст ва аз кӯдакон барои ҳалли проблемаҳои одамони калон кӯмак пурсидан аз рӯи инсоф ва хирад нест. Бори душвориҳои эмотсионалии худро ба кӯдакатон бор накунед ё ӯро байни худ ва собиқ ҳамсаратон миёнарав насозед.
Ҳаёти кӯдаконатонро дар реҷаи дуруст нигоҳ доред. Ҷои зист ва реҷаи пештараро нигоҳ доштан барои кӯдак манфиатнок аст. Марҳабо, баъзан дар давоми ҳафта фарзандонатонро боварӣ бахшед, ки шумо онҳоро дӯст медоред ва ба ҷудо шудани шумову ҳамсаратон онҳо сабабгор нестанд. Ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳед, вале ҳангоми ҷавоб додан ҳамсаратонро айбдор накунед.
Марҳабо, шумо метавонед ҳаёти худро баъди ҷудошавӣ пеш баред. Нигоҳ накарда ба вазъиятатон қаноатмандӣ ҳис кунед. Вақте кӯшиши тағйир додани гузаштаро бас мекунед, худро беҳтар ҳис менамоед.
Бо эҳтиром, Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.